РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ТАҲДИДҲОИ ҶАҲОНӢ

Palace_of_Nations_and_the_Flagpole,_Dushanbe,_Tajikistan

 Ҷаҳони муосир ҳамарӯза ба ҳодисае рӯ ба рӯ мегардад. Таассубу манфиатхоҳии давлатҳои ҷудогона боис гаштааст, ки ҷангҳои сарду гарм дар минтақаҳои мухталифи дунё бомаром идома кунанд. Қисме аз давлатҳои дунё зери сояи ҷангу куштор вайрону валангор гардида, садсолаҳо рӯ ба таназзулу ақибмондагӣ кардаанд. Бо вуҷуди талошу кӯшишҳои шабонарӯзӣ дар сатҳи минтақаву ҷаҳон, мутаассифона хатари терроризму экстремизм аз байн нарафта, баръакс рӯз аз рӯз дар миқёси олами теҳдиди он беш аз пеш гашта истодааст. Гузашта аз ин, чанд соли охир вабоҳои сартосарӣ таъсири бади худро дар тамоми низоми муносибатҳо расонида истодаанд.

 

Натиҷаи ҳамаи ин ҷангу куштор, номувозинатии муносибатҳои байналмилалӣ, хатарҳои терроризму экстремизм, пандемияҳо ва амсоли ин ба он оварда расонида истодааст, ки рӯз аз рӯз зиндагии аҳолии сайёра мушкилу вазъи рӯзгузаронӣ душвор гардад. Бахусус, фақру гурӯснагӣ ба таври нигаронкунанда боло рафта истодааст. Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид соли 2021 дар ҷаҳон 828 миллион нафар ҳамарӯза аз гурӯснагӣ азият мекашанд, ки ин шумор нисбат ба соли 2020 46 млн. ва нисбат ба соли 2019 150 млн. нафар зиёд шудаст. Бо назардошти ҳамин дар Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ соли 2022 “Соли гурӯснагии бесобиқа” номгузорӣ шудааст. Ҳамчунин, тибқи иттилоотҳои расмӣ имрӯзҳо қариб 2 миллиард нафар аҳолии ҷаҳон ба оби ошомидани дастрасӣ надоранд, ки ин чоряки аҳолии дунёро ташкил медиҳад.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ аз ин мушкилот канор буда наметавонад. Табиист, ки мавҷи ҳама хатарҳои ҷаҳонӣ то ба кишвари мо низ омада мерасанд. Аз ҷумла, дар робита ба хатари гурӯснагӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати иди Қурбон соли ҷорӣ таъкид намудаанд, ки: “ …мардуми сайёра ҳоло дар вазнинтарин ва душвортарин давраи таърихи худ қарор доранд. Имрӯзҳо сокинони 27 кишвари дунё ба хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ омадаанд. Аз ин лиҳоз, мо бояд бо дарназардошти чунин вазъияти ҳассосу вазнини ҷаҳон амал кунем, сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву содиқона заҳмат кашем ва сарфаю сариштакориро, ки хислати беҳтарини миллати куҳанбунёдамон мебошад, дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ риоя намоем”.

 

Бояд гуфт, дар ин раванди басо пурхатар кишварҳое дар ҳоли осоиш ва хотирҷамъӣ қарор гирифта метавонанд, ки сиёсати башардӯстона, некбинона, дурбинона ва сулҳхоҳонаро татбиқу роҳандозӣ намудаанд. Дар меҳвари сиёсати хеш чораҳоеро рӯйи кор гирифтаанд, ки дар ростои хатарҳои ҷаҳонӣ метавонанд истодагарӣ намоянд ва аҳолии худро дар амну амонӣ нигоҳ доранд. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, самаранок истифода намудани захираҳои дар дастдошта таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, таъмини амнияти озуқаворӣ – чун яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум чораҳои мушаххасу босамар андешида шудааст.

 

Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд: “Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт”. Аз ин ҷо бар меояд, ки сиёсати дурбинона ва дурандешонаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гаштааст, ки буҳронҳои ҷаҳонӣ таъсири худро ба соҳаҳои хоҷагии мамлакакати мо камтар расонад. Рушди босуръат, кифоягии маводи озуқа ва дастрасӣ доштани тамоми аҳолии кишвар ба оби тозаи ошомиданӣ гувоҳи он аст, ки давлати мо дар роҳи пешбурди сиёсати хеш гомҳои мустаҳкам гузошта истодааст.

 

Мо рушди Тоҷикистонро метавонем дар дастовардҳои тозаи пойтахти азизамон мисол оварем. Тибқи иттилои расмӣ дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 1,9 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 дарсад зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 709,4 миллион сомонӣ ба маблағгузориҳои давлатӣ, 1051,2 миллион сомонӣ шахсӣ ва 136,3 миллион сомонӣ ба сармояи хориҷӣ рост меояд. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт вобаста ба татбиқи лоиҳаи кории қисмати “Маҷмааи тахти тоҷикон” ва “Осорхонаи шаҳри Душанбе” дар иншооти “Майдони Истиқлол” дар ҳаҷми 18,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуд. Дар иншооти ҷашнии “Майдони истиқлол” корҳо дар самти бартараф кардани 414 иншоот ба итмом расида, корҳои бунёдии манора 100 фоиз ва корҳои ободонӣ 98 дарсад иҷро гардидаанд. Бо назардошти корҳои анҷомшуда, то инҷониб дар марҳилаҳои 1, 2 ва 3 ба маблағи умумии зиёда аз 1012,6 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ва бартарафкунии биноҳо ба анҷом расиданд. Дар 13 иншоот корҳои сохтмонӣ — васлгарӣ, бахусус дар соҳаҳои маориф 8, фарҳанг 2, дигар соҳаҳо 3, инчунин, дар 17 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ (дар соҳаи манзил 1, коммуналӣ 1, фарҳанг 5, маориф 8 ва дар дигар соҳаҳо 2 иншоот) дар ҳаҷми 268 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардиданд. Дар 13 иншоот корҳои сохтмонию васлгарӣ ва дар 17 иншоот лоиҳакашию муҳаққиқӣ идома доранд. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар пойтахт бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳр бунёду навсозии 10 меҳмонхонаи замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт роҳандозӣ гардида, айни ҳол 3 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Бо мақсади иҷрои қарори раиси шаҳр аз 6 майи соли 2022, “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023” КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” вазифадор гардидааст, ки маҳсулоти ниёзи аввалияро, аз қабили 3000,0 тонна картошка, 4000,0 тонна пиёз, 1000,0 тонна сабзӣ, 2000,0 тонна шакар, 500,0 тонна равғани рустанӣ, 3000,0 тонна орд ва 100,0 тонна биринҷ, захира намояд. Ҷиҳати ғанӣ гардондани бозорҳо бо маҳсулот ва таъмини шаҳрвандон бо маҳсулоти ниёзи аввалия, айни замон 37 сардхона бо масоҳати 22,7 ҳазор метри мураббаъ ва ғунҷоиши 38,8 ҳазор тонна маҳсулот фаъолият дорад. Ба ҳамин монанд метавон садҳо мисоли дигар дар самтҳои мухталифи хоҷагидорӣ овард, ки шаҳодати сиёсати дурбинонаи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Чун пойтахти кишвар чунин дастоварду дурандешиҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар, ки аз сиёсати дурбинонаи Президенти кишвар маншаъ мегиранд, низ ба назар мерасад, ки далел аз тадбирҳои созанда ва пешгирикунандаи буҳрону хатарҳои ҷаҳонист.

 

Хулоса, мо аҳолии Тоҷикистонро зарур аст, ки сиёсати хирадмандона ва муносибатҳои ҳасанаи байналмилалии Пешвои миллати худро сармашқи кори хеш қарор дода, ҳама дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро дар зиндагии худ татбиқ созем. Ҳодисаҳои ҷаҳони муосир моро гӯшзад мекунанд, ки беш аз ҳарвақта ҳушёру зирак бошем ва дарк намоем, ки дар замони манфиатхоҳии давлатҳои абарқудрат ҳифзи арзишҳои миллӣ беш аз ҳарвақта аҳамияти аввалиндараҷа касб намудааст. Дарк намоем, ки дар замони бархурди тамаддунҳо, ҷангу кушторҳо, хатарҳои даҳшатбори террористӣ ва экстремистӣ, вабоҳои сартосарӣ, норасоӣ ва нобудии сарватҳои табиӣ, дар кишваре рӯз бурда истодаем, ки орому осуда ба ҳама хостаҳои хеш мерасем. Зарур ва ҳатмист, ки ин ҳама неъматро пос дорем ва онро аз хатару буҳронҳои ҷаҳонӣ ҳифз кунем.

 

Сомон ИСМАТОВ,

ноиби ректор оид ба робитаҳои

байналмилалии Академия

Аксҳо

Похожие записи