РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР КИШВАР

30

Тоҷикистони муосири имрӯзаро марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ фаро гирифта истодааст, ки таҳти назорат ва идора қарор додани онҳо барои рушди давлату миллат, корхонаву ташкилотҳо ва оилаҳо низ бениҳоят муҳим мебошад. Яке аз марҳилаҳои муосир ин иқтисоди рақамӣ мебошад, ки доир ба он дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд».

 

Давлати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисодиёти рақамиро бо татбиқи технологияҳои ахборӣ идора намуда, аз ҷумла, роҳҳои таъмини бехатарии онро низ коркард намудааст. Барои он ки иқтисоди рақамӣ ба манфиати умум хизмат намояд, он бояд ҳамаҷониба дар ҳамаи самтҳо истифода бурда шавад. Технологияҳои нав, махсусан зеҳни сунъӣ ногузир бо тағйироти назаррас дар бозори меҳнат, аз ҷумла ихтисори ҷойҳои корӣ дар баъзе соҳаҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои нав дар дигарон дар миқёси давлат, робитаи ногусастанӣ доранд.

 

Иқтисоди рақамӣ бо сабаби қобилияти ҷамъоварӣ, истифода ва таҳлили миқдори зиёди иттилоотӣ аз тарафи компютер дастрасшаванда яъне, маълумоти рақамӣ, бо суръати бениҳоят афзоишёбанда идома дорад. Чунин маълумоти рақамӣ дар асоси таҳлили “роҳҳои рақамӣ”, ки дар барномаи амалиётҳои гуногуни рақамӣ дар натиҷаи фаъолияти шахсони алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ё корхонаву ташкилотҳо боқӣ мондаанд, ҷамъ оварда мешаванд.

 

Вобаста ба таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ ва бо такя бар арзишҳои ахлоқию маънавии хеш, имрӯз ҷомеаи кишварро зарур аст, ки сари масъалаи истифодаи дурусту оқилонаи интернет ва рушди иқтисоди рақамӣ андеша намоем. Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи иқтисоди ҷаҳонӣ ба ин равандҳо ташаккули бахшҳои иқтисодиёти иттилоотӣ, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ шомил аст. Бояд дар мамлакат якчанд марҳила ва лоиҳаҳои рушди иқтисодиёти рақамиро дар шароити имрӯза татбиқ намуд:

дар соҳаҳои хоҷагии деҳот, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва истифодабарии захираҳои ахборӣ бо таъмини дастурҳо ва намудҳои хизматрасонии электрониро бояд муайян ва ҷорӣ намуд;

-давлат дар фаъолияти истифодабарии рушди иқтисодиёти рақамӣ, бозори технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла муассисаю корхонаҳои хусусӣ, паркҳои технологӣ ва марказҳои хизматрасониро ташкил намуда, сармоягузорони хориҷиро ҷалб намоянд ва барои онҳо шароит фароҳам оваранд;

-мутобиқ намудани рушди инфрасохтори замонавии телекоммуникатсионӣ дар шароити муосир, технологияи алоқа ва рушди хизматрасониҳои шабакавӣ, рушди хизматрасониҳои ҳозиразамони телекоммуникатсиониро бояд ҷорӣ намуд;

-дар идоракунии давлат ва соҳаҳои иқтисодиёт, хизматрасониҳои ҳозиразамони электрониро ҷорӣ намуд ва бо кӯмаки иқтисодиёти рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва дастури таъминоти бозориро бояд рушд дод;

-сегменти Интернети миллӣ, ташкили медиа — контенти рақамӣ, захираҳои моддӣ — техникӣ ва иқтисодиро бо роҳи рушд ва таклифотҳо коркард намуд;

-омӯзонидан ва такмил додани кадрҳои боэътимод, омоданамоии кадрҳо то ҷараёни оғози лоиҳаҳо.

 

Дар ин самт хизматрасониҳои тиҷорати электронӣ, «мол» — ҳои электронӣ дар тиҷорат васеъ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон гардиши маблағҳо тавассути воситаҳои электронӣ ба роҳ монда мешаванд, ки омили муҳимтарини тиҷорати электронӣ мегарданд. Ба вуҷуд овардани иқтисоди рақамӣ на танҳо ба тиҷорат хос аст, он инчунин дар соҳаҳои алоҳида: ҳарбӣ, маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ, суғуртавӣ ва ғайра низ имконпазир аст. Масалан, ба роҳ мондани хизмати ҳарбии алтернативӣ, омӯзиши фосилавӣ ва таълими пурра гирифтан новобаста аз ҷои зист, видеоконфронсҳо дармуассисаҳои тиббӣ ва алоқа бо якчанд духтурон бо якдигар аз беморхонаҳои гуногун барои муҳокимаи корҳои худ, баргузор намудани итиқоли маблағ, музоядаҳои электронӣ ва ғайра. Ҳангоми рушди иқтисоди рақамӣ якчанд ҷиҳатҳои мусбӣ ва бартариятҳоро мушоҳида кардан мумкин аст (инҳо: сарфаи вақт, сарфаи маблағ, интихоб, рақобатпазирӣ, дастрасӣ ба иттилоотҳои электронӣ доир ба молу маҳсулот, шаффофият, мониторинг ва ғайра).

 

Ҳангоми истифодаи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт на танҳо вақт, инчунин маблағро низ сарфа кардан мумкин аст. Масалан, ҳангоми коргузории электронӣ дар ташкилот имкон дорад, ки қисми зиёди хароҷотҳо доир ба қоғаз, ранг, мубодилаи ҳуҷҷатҳо сарфа гарданд. Ҳамзамон технологияҳои рақамӣ дақиқ муайян мекунанд, ки кадом миқдор маҳсулот барои истеҳсолот зарур аст, саҳми ҳар корманд дар корхона то кадом андоза аст ва ғайра.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтисодиёти рақамӣ рушд намуда истодааст, яке аз онҳо ин моликияти зеҳнӣ ба ҳисоб меравад. Дар иқтисодиёти рақамӣ нақши калидиро моликияти зеҳнӣ мебозад. Аз як тараф эҷодкорон барномаҳои электронии махсуси худро омода намуда ба омма пешкаш менамоянд, аз тарафи дигар рақобат дар ин соҳа зиёд мегардад. Истифодаи технологияи рақамӣ имкон медиҳад, ки муоширати инсоният дар дилхоҳ макон ва замон ба осонӣ сурат гирад. Дар ин ҷараён хароҷотҳои алоқавӣ сарфа мешаванд, баъдан тавассути технологияҳо маблағҳои заруриро хусусан муҳоҷирон ба хонаводаашон мерасонанд.

 

Бояд гуфт, ки барои тақвият додани иқтисоди рақамӣ дар дохили кишвар на танҳо Вазорати рушди иқтисод, савдо ва технологияҳои нав, балки вазорату сохторҳои дигар, шахсони масъул ва муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва шаҳрвандонро низ лозим меояд, ки ҳар чи зудтар онро ба роҳ монанд. Кӯшишу талошҳои Ҳукумати кишвар маҳз барои баланд бардоштани сатҳу сифати иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳли ҷомеа мебошад.

 

Раҳмоналӣ ОДИНАЕВ,

ассистенти кафедраи технологияи

итттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академия

Похожие записи