ВОХӮРИИ РЕКТОРОНИ АКАДЕМИЯҲОИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ ДАР АИДНПҶТ

1

Дар Маркази дӯсти ва ҳамкориҳои СҲШ дар Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 20 — солагии Созмони ҳамкории Шанхай ва дар доираи раёсати Тоҷикистон дар ин созмон Саммити ректорони академияҳои идоракунии давлатии давлатҳои аъзои СҲШ таҳти унвони “20 соли СҲШ: дурнамои ҳамкории академияҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ” дар шакли омехта (маҷозӣ ва ҳузурӣ) баргузор гардид.

 

Чорабинии мазкур бо мақсади тақвият бахшидан ба муносибатҳои дӯстона ва шарикии муассисаҳои идоракунии давлатӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин барои табодули таҷрибаи идоракунӣ ва омӯзонидани хизматчиёни давлатӣ ташкил шудааст.

 

Дар Саммит Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, намояндаи Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби Генералии Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, Муовини директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Абил Ерлан Куанишули, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Акматалиев Алмазбек Актамалиевич, Президенти академияи миллии идоракунии Чин Чен Си, Ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия МауВаладимир Александрович, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Бекмуродов Адҳам Шарипович ва аз номи муассисаҳои идоракунии давлатии Чумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон намояндагони сафоратҳои ин давлатҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар Саммит масъалаҳо марбут ба барқарор намудан ва тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷонибаю бисерҷониба миёни академияҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии давлатҳои узви СҲШ, ҷалби чунин муассисаҳо аз кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ дар саммитҳои минбаъда, табодули таҷриба, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти омодакунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, лоиҳаҳои таълимӣ,илмӣ-тадқиқотӣ ва муайян намудани дигар самтҳои ҳамкорӣ бо назардошти таҳдидҳо ва имкониятҳое, ки дар шароити пандемияи СOVID-19 амалӣ карда мешаванд, баррасӣ шуданд.

 

Оид ба натиҷаҳои кори Саммит қабули Изҳороти муштарак (Совместное заявление) ба нақша гирифта шудааст.

 

Бояд тазаккур дод, ки Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташкилоти навбунёд буда, имрӯз дар марҳилаи ташаккулёбӣ ва рушди худ қарор дорад. Маркази мазкур 22 феврал бо дастгирӣ ва розигии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ ва тақвияти созмон таъсис дода шудааст.

 

Ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самаранок Марказ Дурнамои рушд ва фаъолияти 5-соларо таҳия намуда, мутобиқи он Марказ силсилаи чорабиниҳоро дар самти рушди дипломатияи мардумӣ, маориф, илм ва фарҳанг, ташвиқу тарғиби фаъолияти СҲШ ва марказ амалӣ менамояд.

 

Похожие записи