Сафи устодони унвондор меафзояд

120134735_395590878125001_6913225800438984344_n

АИДНПҶТ. Сафи устодони унвондор меафзояд

24 — сентябри соли 2020 дар Шӯрои диссертатсионии Институти таърих бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии ассистенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва худидоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Довар Сайаллоевич баргузор гардид.

Қодиров Довар, рисолаи илмиашро дар мавзӯи “Саҳми Ҳақназар Назаров дар омӯзиши таърих ва фарҳанги Афғонистон” таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Искандаров Қ. Ш. сарбаландона дифоъ кард.

Баъд аз саволу ҷавоб ва баромадҳои иштирокчиёну муқарризон аз ҷониби раиси Шӯро Убайдулло Насрулло Каримзода эълон гардид, ки унвонҷӯ Қодиров Довар рисолаи илмиашро бо муваффақият ҳимоя намуд ва пешниҳод кард, ки ӯ ба дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих арзанда аст.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Доварро ба ин дастоварди арзишманди илмӣ таҳният гуфта, барои корҳои минбаъдаи илмиаш барору мувафақият орзу менамоянд.

Аксҳо