СОЛИ 2024-СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

464646464646546546 (1)

Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он натанҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

Дар моддаи 42-и Конститутсия гуфта шудааст: “Надонистани қонун, ҷавобгариро истисно намекунад”. Ин маънои онро дорад, ки ашхос, новобаста аз оне, ки ӯ медонист ҳаракати вай ғайриқонунӣ ё ин ки қонунӣ аст, бояд мувофиқи қонун ба амали анҷомдодааш ҷавоб диҳад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 аз 30 декабри соли 2023 ва тавзеҳот ба ин фармон имкон дод, ки чунин ҳадафҳои ин солро муайян ва ошкор намоем:

  1. баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;
  2. тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ;
  3. мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он;
  4. баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун;
  5. ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ;
  6. васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ;
  7. тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон.

Маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.

Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба сомон расонидани корҳои зерин саривақтӣ мебошад:

  • ташкили низоми огоҳонии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳояш ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо;
  • тақвият додани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
  • таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ;
  • ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;
  • таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ ва ройгон ҷойгир намудани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои хусусияти ҳатмии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид намудани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ.

Гузаронидани ин тадбирҳо ба баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд. Маърифати баланди ҳуқуқӣ ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар халли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

Таҳти унвони арзишҳои ҳуқуқӣ арзишҳое фаҳмида мешаванд, ки дар қонун комилан ё қисман таҷассум ёфтаанд. Ба чунин арзишҳо озодӣ, адолат, баробарӣ, кумаки мутақобила, яъне арзишҳое дохил мешаванд, ки дар доираи чорчӯбаи қонун ва ахлоқ амал менамоянд. Дар айни замон муҳимтарин арзишҳои демократӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, риояи ҳуқуқи инсон ва сулҳу суботи давлат мебошанд. Арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ дар шароити волоияти қонун бо мазмуни нав пур шудаанд, зеро падидаи ҳуқуқӣ вобаста ба тағйирёбии шароити иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологӣ метавонад рушд ёбад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар шароити муосир ташаккул ёфтааст, қодир аст кафили арзишҳои ҳуқуқии демократӣ бошад.

Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ фаъолияти мақсадноки доираи муайяни субъектҳо оид ба паҳн намудани дониш оид ба ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва роҳҳои татбиқи онҳо, ба таври мунтазам таъсир расонидан ба шуур ва рафтори насли наврас бо мақсади ташаккули ақидаҳо, арзишҳои мусбӣ, самтҳо, муносибатҳое, ки риоя, иҷро ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин ташаккули шуури ҳуқуқиро таъмин мекунанд.

Эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳамчун принсипи волоияти қонун — ин муносибати эҳтиромонаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аст, ки ба шаъну шарафи шахс асос ёфта, баробарии вазъи иҷтимоии онҳоро ифода ва таъмин менамояд. Ин фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба эътироф, муттаҳид намудан дар сарчашмаҳои меъёрӣ, ҳифзи тамоми маҷмуи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар шахс мебошад. Эҳтироми ҳуқуқи инсон заминаи асосии фаъолияти субъектони ҷомеаи демократӣ мебошад. Бе эҳтироми ҳуқуқи инсон таҷассуми воқеии он дар ҳаёти ҳуқуқӣ дар бораи мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфтан ғайриимкон буда, фаъолияти инсон, эҳтироми ҳуқуқҳои ӯ оид ба риоя, амалӣ ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба он вобаста аст. Муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқи инсон ба устуворӣ ва эътимоднокии низоми ҳуқуқӣ, таъмини бетарафӣ ва адолати ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Баланд бардоштани мақоми қонун (волоияти қонун) яке аз принсипҳои асосии низоми ҳуқуқӣ дар аксари кишварҳо аст. Ин принсип маънои онро дорад, ки қонун сарчашмаи олии меъёру қоидаҳо дар ҷомеа буда, тамоми меъёрҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ бояд ба он мувофиқ бошанд ва хилофи он набошанд.

Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун дар асоси принсипи асосии зерин амалӣ мегардад:

  • шинохти қонун ҳамчун меъёри олии ҳуқуқӣ дар низоми ҳуқуқӣ ва қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он;
  • тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроия, қонунгузор ва судӣ вазифадор ҳастанд, ки дар доираи қонун амал намоянд ва ҳуқуқ надоранд ба он мухолифат намоянд;
  • ҳама гуна қоидаҳо, меъёрҳо ё қарорҳое, ки ба қонун мухолиф мебошанд, эътибор надоранд ва татбиқ намешаванд;
  • риояи қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо фароҳам овардани қоидаву расмиёти равшану пешгӯишаванда таъмин мегардад;
  • судҳо ҳуқуқ доранд, ки риояи волоияти қонунро назорат намоянд ва қарору амали ғайриқонунии мақомоти давлатиро бекор созанд.

Оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ яке аз муҳимтарин принсипҳои масъулияти ҳуқуқӣ, шарти асосии самаранокии он мебошад. Аҳамияти пешгирикунандаи ҷазо на бештар аз вазнинии он, балки ба ногузирии он вобаста аст. Ногузир будани масъулият маънои онро дорад, ки ягон ҳуқуқвайронкунӣ набояд ошкорнашуда, аз назари давлат ва ҷомеа бе вокуниши манфии онҳо дур намонад. Вазифаи муҳим аз он иборат аст, ки дар мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо тамоми қувваи қонунро истифода баранд, то ки одамон дар ҳар маҳал ғамхории давлатро дар бораи сулҳу осоиш ва поквиҷдонии худ ҳис намоянд ва мутмаин бошанд, ки ягон ҳуқуқвайронкунанда аз ҷавобгарӣ раҳо намешавад.

Иттилооти ҳуқуқӣ маҷмуи тадбирҳое аст, ки дар давлат ба таъмини дастрасии шаҳрвандон ва ташкилот ба иттилооти ҳуқуқӣ дар асоси технологияҳои муосири иттилоотӣ нигаронида шудаанд. Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот – ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷустуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилоти давлатӣ, дигар мақомоту ташкилоте, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан доро мебошанд.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 барои расидан ба ҳадафҳои гуфташуда равона гардида, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кулли аҳолӣ, қабули қонунҳои босифат ва танзимкунандаи муносибатҳои рушдёбандаи ҷамъиятӣ мусоид менамояд.

Барои мо, ҳуқуқушиносон ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2023 маҳз масъалаи ҳуқиқиро пешниҳод намуданд ва мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар саҳми босазои худро гузорем.

Фархунда ҚУДРАТОВА,

магистранти Академия

Похожие записи