“ТАЪСИРИ ҶАҲОНИШАВӢ БА РАВАНДҲОИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН”

IMG_3716

Таҳти ин унвон имрӯз, 29-уми октябри соли 2021 Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломати ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳлил намудани пайомадҳои манфӣ ва мусбати равандҳои ҷаҳонишавӣ, инчунин дарёфти роҳҳои пешгирӣ аз татбиқи унсурҳои зараровари равандҳои ҷаҳонишавӣ конференсияи соҳавии ҷумҳуриявиро баргузор намуд.

 

Дар Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва намояндаҳои дигар идораҳои давлатӣ даъват карда шуданд.

 

Чорабиниро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Комилбек Амид Ёрбек ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки раванди ҷаҳонишавӣ унсури ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба хусусиятҳои дар худ инъикосёфта ба шароити иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва соҳаҳои мухлатифи ҳаёти ҷамъиятии давлатҳои соҳибихтиёру мустақил ҳам таъсири мусбӣ ва ҳам манфӣ мерасонад. Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон ва халқи тоҷик дар гирдоби равандҳои ҷаҳонишавӣ тавассути кӯшишҳои хирадмандонаю пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист унсурҳои муҳимми давлатии худро ба монанди забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва ёдгориҳои таърихӣ, на танҳо ҳифз, балки онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

 

Сипас, иштирокчиён бо маърузаҳои пурмуҳтаво аз ҷумла Сайнозимзода Фирӯз – мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар мавзӯи “Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ”, Зарифов Насимҷон – н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар мавзӯи “Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар солҳои истиқлоли давлатӣ”, Мухторов Зайнидин – д.и.ф., профессор, директори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ дар мавзӯи “Дискурси дипломатӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ”, Меъроҷиддини Насриддин — н.и.т., дотсент, мудири кафедраи дипломатия ва муносибатхои байналмилалии Академия дар мавзӯи “Таъсири ҷахонишавӣ ва ҳуқуқи инсон” ва дигарон баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

 

Дар рафти конференсия иштирокчиён зикр намуданд, ки шароити нави ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ба ҳам омехта, ҳавзаҳои фарҳангӣ ба ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, шинохти ин фарҳангҳо, донистани осори фарҳангу тамаддуни ин халқҳо, забони онҳо бисёр муҳим аст. Агар мо мехоҳем ба худшиносии миллӣ бирасем, бояд пеш аз ҳама забони модарии худро аз худ кунем, аз унсурҳои фарҳангии худ бохабар шавем, онҳоро ҳангоми суҳбат бо намояндагони халқҳои дигар муаррифӣ ва таблиғ карда тавонем ва аз тарафи дигар, бо таъриху тамаддуни он халқҳо ошноӣ пайдо намоем.

 

Дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки дастовардҳои таърихии худро омӯзем, муҳтаво ва арзиши фарҳангии онҳоро тарғибу ташвиқ намоем, онҳоро ба мардум ошно созем, то ҳамин унсурҳои фарҳангии ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи мо ба андозае оммавӣ шавад, ки ҷомеаи шаҳрвандии мо онҳоро ҳам истифода кунад, ҳам таблиғ намояд ва ҳам ба унвони арзишҳои фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён пешкаш кунад ва аз ҳама муҳим, онҳоро ҳимоя кунад. Ин масъалаи асосии фарҳангии мо дар раванди ҷаҳонигароӣ аст.

 

Дар фарҷом миёни иштирокдорон ва баромадкунандагон мубоҳиса сурат гирифт.

Похожие записи