ТОЗАНАШР

photo_2023-02-25_14-42-58

Бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назари ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, китоби мутахассис — коргузори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти эҳтиётии дараҷаи якуми Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Мирзоалӣ Мирзоназарович бо номи “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз чоп баромад.

 

Мураттиб дар асари мазкур масоили таърихӣ, ташаккули артиш дар оинаи таърихи халқи тоҷик ва мақоми меҳварии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ — Генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёву ташаккули низоми мудофиавии мамлакатро ҷамъоварӣ намудааст.

Мақсади таълифи асари мазкур, ки бевосита ба корнамоиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эҳё ва рушд додани ниҳодҳои томи Артиши миллӣ ва ташаккули сиёсати мудофиавии мамлакат бахшида шуда, то андозае садоқат, матонат, ҳастӣ, ҷавонмардӣ, хештаншиносии мураттибро ифода менамояд.

Дар таълифи китоби мазкур дар баробари маводи расмии давлатӣ, ҳамчунин, маҳсули зеҳнии муаррихон ва донишмандони соҳаи илм, таълим ва сохторҳои қудративу мудофиавии мамлакатамон, ба монанди Ғафуров Б. Ғ., Абдурашидов Ф. М., Камолов С. Қ., Ф. Маҳмадализода мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Китоби таълифгардида барои мутолиаи умум пешниҳод шуда, доир ба пайдоиш, инкишоф, рушди падидаи мудофиавии кишвар баҳри таъмини якпорчагӣ, амнияти дохилӣ, тағйирнопазирии тамомияти арзӣ, посдории муқаддасоти ҷумҳурӣ ва муҳиммияти он аз умқи таърих то замони муосир маълумот медиҳад.