ХУСУСИЯТҲОИ САРВАРӢ ДАР МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

tj-59954w78594

Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидааст. Пас, Пешвои миллӣ будани ӯ мавзӯи савол ва баҳс нест, балки он як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.

 

Эмомалӣ Раҳмон, воқеан ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат аст. Инро тамоми мардуми Тоҷикистон эътироф мекунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» танҳо эътирофи ҳуқуқии ҳамин масъала аст. Ин қонун расмият бахшидани ормонҳо ва эҳтироми воқеиву мондагори миллати мо ба Пешвои худ аст.

 

Далели бисёр возеҳу равшани Пешвои воқеӣ ва мардумӣ будани Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ба шарофати заковату хирад ва ҷоннисориҳои ӯ ягонагии давлат ва халқ ба вуҷуд омадааст. Ӯ чун меҳварест, ки ин ду қутбро ба ҳам овардаву пайваст кардааст.

 

Бо назардошти гуфтаҳои боло ақидаи ман чунин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон на фақат Асосгузори сулҳу ваҳдат, балки Асосгузори мактаби давлатдории миллӣ ва эҳёгари суннатҳои давлатдории азёдрафтаи бостонии миллати тоҷик аст.

 

Воқеан ҳам, яке аз омилҳои бисёр муҳими ҳифзи қудрати сиёсии миллат он аст, ки таҷрибаву усул ва анъанаҳои давлатдории худро ҳифз карда, ба таври муттасил аз як насл ба насли дигар интиқол диҳад. Миллати мо, ки 1000 сол қабл давлатдории миллиро аз даст дода буд, дар пайи он бо гузашти муҳлати тӯлонии таърихӣ дар асари авомили айниву зеҳнӣ тамоми андӯхтаҳо ва таҷрибаҳои давлатдориву усули ҳифзи қудрати сиёсиро марҳила ба марҳила ба боди фаромӯшӣ дод. Хидмати Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат дар ин самт он буд, ки услуби давлатдории мустақили миллӣ ва ҳифзи қудрати сиёсиро на эҳё, балки аз сифр эҷод кард.Баъд аз ҳазор соли заволи давлати Сомониён ин аввалин мактаби давлатдории муваффақи миллат аст, ки дар робита бо саъю талошҳои фидокорона ва ҷуръати фавқулодаи сиёсии Пешвои мо ба вуҷуд омад.

 

Технологияи муосири сиёсӣ қудрати онро дорад, ки бо шеваҳои гуногуни шахсиятсозию шахсиятсӯзӣ симоҳои гуногунро дар чашми мардум бузург ё хурд ҷилва диҳад. Аммо таҷрибаи рӯзгор нишон додааст, ки чеҳраҳои сунъии таблиғотию расонаӣ бо гузашти андак замоне аз байн мераванд ва дар бекарони таърих нопадид мегарданд. Аммо, баръакси ин, чеҳраҳои табиӣ ва пешвоёни воқеии мардум ба бахши унсурии ҳастии миллату давлат табдил шуда, то абад, то замони бақои ин миллату давлат ҳамчун арзиш, намуна ва қаҳрамон ҷовидона боқӣ мемонанд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди рашид табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти ӯ ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд.

 

Аммо барои расидан ба ин мақоми милливу таърихӣ Роҳбари давлат роҳеро тай намуд, ки пур аз мушкилот, пур аз печу тоб, пур аз камину хатар, аммо пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат  ва пур аз комёбӣ буд. Ин аст, ки агар касе бихоҳад, то симо, шахсият ва ҷойгоҳи ӯро назди мардуми тоҷик дарк намояд, бояд пеш аз ҳама, роҳи паймудаи ӯ ва хидматҳои таърихии ӯро барои ин мардум дарк кунад. Таҳлили ҳамин роҳ ва дарки ҳамин дастовардҳо худ ба худ нишон медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон кист ва барои мардум ва давлати Тоҷикистон чи ҷойгоҳ ва чи арзише дорад. Зеро, имрӯз вақте дар бораи масири тайшуда ва дастовардҳои бунёдии Тоҷикистон дар марҳилаи пурпечутоби истиқлол сухан меравад, бешубҳа, симои ин шахсият пеши назар меояд.

 

Қадами нахуст ё асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ӯ давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин масъала муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва тамоми ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Зеро баъди ҳазор сол таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошад.

 

Забиров ҚУДБИДДИН,

магистранти курси 2

Похожие записи