ШАММАЕ ПЕРОМУНИ МАФҲУМИ ВАҲДАТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ваҳдати миллӣ

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

 

Ваҳдат ва Ваҳдати миллӣ ин ягонагӣ, якпорчагӣ ва баҳамоии мардуми як кишвар мебошад. Моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллӣ-инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо. Мо кормандони соҳаи илму фарҳангу таълиму тарбиятро зарур аст, ки ташреҳу тавзеҳ ва таҳлилу тафсири мафҳуми ваҳдати миллиро дар партави раҳнамоиҳои Пешвои миллати куҳанбунёдамон барои сокинону бошандагони тамоми нукот ва маҳаллҳои кишварамон бо саъю талоши пайгирона, бо забону баёни барои онон фаҳмо ва дастрас ба роҳ монда, «таҳаввули мафҳуми ваҳдати миллиро» «ба ҳайси як унсури муҳимми худшиносии миллӣ» барои ҷомеа фаҳмонем ва дар амалӣ гаштани он саҳм бигирем.

 

Бояд дар назар дошта бошем, ки насли ҷавони кишвар аз ин мафҳумҳо хулосаи зарурӣ бароварад, ҳувияти миллии хешро дарк намуда, самту роҳҳои фаъолияту андешаашонро дар ҷаҳони мураккаби муосир муайяну мушаххас сохта тавонанд.

 

Ҳар шаҳрванди ин кишвар дар баробари ояндаи ҷомеаи он эҳсоси масъулият ва вазифадорӣ дошта, барои такрор нашудани рӯзҳои мудҳиши гузаронидаи халқамон масъул будани хешро пай бурда, ҳодисаву воқеаҳои кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро таҳлилу баррасӣ ва аз он хулосаву натиҷаҳои омӯзанда бардоштан ва ҳифзи марзу буми кишвар аз ҳар гуна хатароти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дошта бошанд.

 

Воқеаву ҳодисоти хатарзои кишварҳои минтақа ва дар он ширкат доштани аъзои оилаҳои кишварамон мо — ҷавононро аз густариши ақидаҳои экстремистиву зиддиинсонӣ ва зидди амнияту осоиштагии бадастовардаи миллатамон нигарон сохтааст. Моро дар чунин шароит зарур аст, ки ҳушёрии сиёсии худро аз даст надода, нагузорем, ки афкору ақидаи бегона, зарарнок ва тахрибкори беруна ба ҷомеаи солиму зебову покизаи мо сироят кунад ва афкори ҷавонони ҳанӯз бетаҷрибаву ноогоҳ ва бехабар аз асли воқеаро тағйиру табдил намоянд.

 

Аз ин маънӣ Ваҳдати миллӣ барои сокинони кишварамон дорои мафҳуми болотар аз як ибора буда, он барои миллати ботаҷрибаву сабақандӯхтаи мо ба хотири ҳифзи фазои сулҳу субот, амнияти комил–омили асосии рушд ва рифоҳи ҷомеа зарур мебошад.

 

Мо, ҷавонон, дар мисоли кору таҳсили хеш дарёфтем, ки ғамхорӣ ва масъулияти давлат дар баробари насли ҷавони кишварамон бедареғ ва бешойиба буда, натиҷаҳои он ҳам хеле муассир ва гӯёи сиёсати ботадбир ва оқилонаи Пешвои миллат мебошанд. Тамоми саъю талоши ҳукумат ва давлати Тоҷикистон барои «муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории он равона» шудааст, ки моро дар ростои ҳамин водор месозад, ки сазовори ин зиндагии шоиста ва дар ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол кӯшо бошем ва саъю талош варзем. Тақвият ва таҳкими ваҳдати миллӣ чун воситаи муҳим, омили асосии пешрафти ҷомеа, онро дар байни сокинони кишвар, таблиғ, ташвиқ намуда дар шарҳу тавзеҳи мафҳуми он ба масобаи муҳаррики ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамбастагии ақвому аҳли минтақаҳои гуногуни кишварамон, кӯшиш намоем ва ҳифзи онро вазифаи ҷонӣ, имонӣ ва муқаддаси хеш дониста, насли ояндаи ин сарзаминро дар рӯҳияи дӯст доштани ин ватан бо арзишҳои волояш, ҳифзи ваҳдату ягонагии он ба воя расонем.

 

Дар хулосаи ин нигошта мехоҳем бигӯем, ки бақои ҳар давлату миллат ба пояи ваҳдати миллии он устувор аст.

 

Пояндагии ваҳдати миллииТоҷикистон ва тоҷикистониён-умеду орзуи ҳар кадоми мост!

 

Умеда СУЛТОНМАМАДОВА,

Сайёра АЗИМОВА,

омӯзгорони кафедраи забони

тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академия

 

Похожие записи