ЭЪЛОН

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОЗМУНИ ҚАБУЛ БА ЗИНАИ ДОКТОРАНТУРАИ PhD, ДОКТОР АЗ РӮЙИ ИХТИСОСРО БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2021-2022 АЗ РӮЙИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

 

т/р Номгӯи ихтисосҳо Рамз
1. Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ 6D 051000
2. Муносибатҳои байналмилалӣ 6D 020200
3. Методҳо ва системаҳои ҳифзи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ 6D 060200
4. Ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ 6D 030100
5. Ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ 6D 030100
6. Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ 6D 050200
7. Иқтисодиёт 6D 050600
8. Идоракунӣ дар системаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ 6D 051100
9. Бизнес – мудирияти соҳибкорӣ 6D 052000

 

Қоидаҳои қабул ба зинаи докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос:

Таҳсил дар докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар шакли рӯзона сурат мегирад.

Ба докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос дар шакли таҳсили рӯзона довталабоне қабул карда мешаванд:

— дараҷаи академии магистр доранд;

— яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ва ғайра)-ро медонанд. Бо ин мақсад довталабони докторантура дар баробари имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ихтисос, ҳамчунин аз як забони хориҷӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

 

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба зинаи докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос дохил мешаванд, иловатан аз фанни забони тоҷикӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

 

Имтиҳони дохилшавӣ аз рӯйи як забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дараҷаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад.

 

Имтиҳон аз рӯйи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ва ё тестӣ гузаронида мешавад.

 

Шаҳрвандони хориҷӣ ба зинаи докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи пулакӣ қабул карда мешаванд.

 

Тартиби қабул ба докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ройгон ва пулакӣ муайян карда мешавад.

 

Шахсоне, ки таҳсилоти олии касбии «мутахассис» (ба ғайр аз ихтисосҳои тиббии клиникӣ) доранд, танҳо баъди хатми магистратура ба докторантура — доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос қабул карда мешаванд.

 

Муддати таҳсил дар докторантура — доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос 3 сол мебошад.

 

Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои дохилшавӣ ба докторантура аз рӯйи ихтисос пешниҳод мешаванд:

 

— ариза ба номи Ректори Академия, бо розигии мудири кафедра ва декани факултет (ихтисос нишон дода шавад);

-анкетаи дохилшаванда ба докторантура;

-нусхаи нотариалии тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои онҳо (дипломи бакалавр ва магистр);

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);

-сетификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);

-мактуби тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);

-рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯйи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

-асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии банақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);

-нусхаи шиноснома;

-маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);

-6 дона расми андозаи 3х4;

-ҷузвдон (папка-файл).

 

Ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос то 15.08.2021 қабул карда мешаванд.

 

Маълумоти иловагиро оид ба қабули докторантура — доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос аз раёсати илм ва инноватсия ва шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Академия дарёфт кардан мумкин аст.

 

Суроға: ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, кӯчаи Саид Носир 33.

Телефон барои маълумот: 224-17-86; 228-91-92.

Сомонаи Академия: www.apa.tj

Похожие записи