ҒОЛИБИЯТИ КОРМАНД ВА МАГИСТРАНТИ АКАДЕМИЯ ДАР ОЗМУНИ ҲИЗБӢ

149934863_876502196468701_174131589124848321_n

12 феврали соли 2021 дар толори Бонки миллии Тоҷикистон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар доираи он ғолибони озмуни шаҳрии мақолаи беҳтарин миёни ҷавонони аз синни 14 то 30-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, махсус ва олии касбии ҳудуди пойтахт дар мавзӯи “Пешвои миллат” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуданд.

 

Аъзои ҳакамон аз миёни зиёда аз сад мақолаи ба унвонии озмун ирсолшуда мақолаҳои панҷ нафарро барои ҷойҳои намоён сазовор донистанд.

 

Сармутахассиси шуъбаи таҳрир ва табъу нашри Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлонов Хуршед ба ҷои аввал ва магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фрайдуншоева Меҳрангез ба гирифтани ҷои сеюм сазовор дониста шуданд. Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ сазовор гардиданд.

 

Дар маросими супоридани диплому ҷоизаҳо муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим ва муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирок намуда, ғолибонро таҳният гуфта, иштирокчиёнро баҳри татбиқи ғояҳои ҳизб ва ҳиссагузорӣ дар пешрафти Тоҷикистон даъват намуданд.

 

Аксҳо

Похожие записи