ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” МУАЙЯН ШУДАНД

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” доир гардид.

 

Дар даври аввали озмуни мазкур як гурӯҳ донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, магистранти курси 1-юм, ихтисоси идораи давлатӣ Беҳрӯз Исоев аз номинатсияи география соҳиби ҷои аввал ва донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси идораи давлатӣ ва иқтисодиёт Саъдуллоев Файзулло аз номинатсияи математика сазовори ҷои дуюм гардида, ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд.

 

Бояд тазаккур дод, ки озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ва бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Похожие записи