ҲАМОИШИ ИЛМӢ-СИЁСӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

IMG_2242

9 марти соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сисёсӣ таҳти унвони “Нақши матбуот дар раванди идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид.

 

Дар ҳамоиши мазкур Ректори Академия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, Сангин Гулов — мудири кафедраи телевизион ва радоишунавонии факултети журналистикаи ДМТ, собиқадорони соҳаи матбуот ва устодони Академияи иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Ҳамоишро Ректори Академия ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки боиси қаноатмандист, ки бо мақсади қадршиносии аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори омма ҳамасола 11 март дар кишвари азизи мо Рӯзи матбуоти  тоҷик ва иди касбии  рӯзноманигорон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, тамоми рӯзноманигорон ва аҳли қаламу суханро самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои рӯзафзуни касбию ҳаётиро орзу мекунам:

 

— Воситаҳои ахбори омма барои инъикоси таҳаввулоти азими иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ, сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо васоити ахбори омма ҳамкории хубу самаранок дошта, итминони  комил дорем, ки ин ҳамкориҳо ба нафъи халқу диёр буда, ҳамеша дар сатҳи баланд боқӣ мемонанд. Саҳми воситаи ахбори оммаи кишвар, хусусан матбуот дар муборизаҳои иттилоотӣ имрӯзҳо хеле барҷастааст. Чун душманони миллату давлат ҳамарӯза кӯшиш мекунанд, ки бо ахбори бардурӯғу муғризона Ватани моро ба таври манфӣ муаррифӣ намоянд, вале саҳми матбуот ва дигар ВАО-и кишвар аст, ки душманони миллат ба мақсади худ намерасанд. Бовар дорем, ки кормандони воситаҳои ахбори омма минбаъд низ барои инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, саҳми арзандаи худро мегузоранд, — иброз дошт Ректори Академия.

 

Дар идомаи ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода дар мавзӯи “Матбуот ва равандҳои ҷаҳонишавӣ”, мудири кафедраи телевизион ва радоишунавонии факултети журналистикаи ДМТ Сангин Гулов дар мавзӯи “Нақши матбуот дар таҳкими давлатдории миллӣ”, дотсенти кафедраи  забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ Шарипов Шарифҷон дар мавзӯи “Таваҷҷуми симои Пешвои миллат дар матбуоти даврӣ дар мисоли рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва сармуҳаррири рӯзномаи “Сарвар ва миллат”-и Академия Раҳматулло Каримов дар мавзӯи “Қадамҳои устувори “Сарвар ва миллат”, маърузаҳои хешро ироа намуданд.

 

Зиннатуллоҳ Исмоилзода зимни суханронии худ иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақоми воситаҳои ахбори омма хеле бамаврид таъкид намудаанд: “Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд”. Маҳз, бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо теъдоди зиёди рӯзномаву ҳафтанома, телевизиону радио ва сомонаҳои интернетӣ фаъолияти пурсамар доранд ва сокинон сари вақт бо рӯйдодҳои муҳимми ҷомеа шинос мегарданд.

 

Сангин Гулов иброз доштанд, ки дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма барои расонидани иттилоъ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа назаррас буда, васоити ахбори омма ҳамчун як рукни муҳимми давлатдорӣ дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеият нақши бориз доранд. Матбуот дар ҳама давру замон ба сифати миёнарави байни ҳукумат ва ҷомеа баромад доштааст. Ҳамин аст, ки мардум ҳамеша ба сухани матбуот эътимод доранд ва онро қабул мекунанд, дар фаъолияти худ аз он кор мегиранд ва ин масъулияти аҳли матбуотро боло мебарад.

 

Дар охири ҳамоиш кормандони нашрияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Сарвар ва миллат” бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик аз ҷониби роҳбарияти Академия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гаронида шуданд.

 

 

Аксҳо

Похожие записи