ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲОМИИ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛ

Таърих гувоҳ аст, ки дар даврони бесарусомонӣ, рӯзгори нобасомон ва шикастарӯҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва муждарасони ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

 

Пешвои миллат бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллат баръало эҳсос мешуд, бар уҳда гирифт ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон кард.

 

Хидматҳои бузургу бемисли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалбу андешаи мо, ҷавонон, аллакай ҳукми як Пешвои ҳақиқии миллатро соҳиб шуда, боз хислатҳову унвони раҳнамо, ҳидоятгар, мушкилкушо, фотеҳ, наҷотбахш, пуштибон, ҳомӣ, қаҳрамони миллат, сафири сулҳ, нигоҳдорандаи тамомияти арзию марзиро зам менамояд.

 

Андешаҳои Пешвои муаззами миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри мо ҷавононро ба Ватан ва эҳтиромамонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози Истиқлол то имрӯз ҳамаи тадбирҳои судмандро амалӣ мекунад. Зеро ҷавонони соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

 

Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги мо ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

 

Бояд зикр кард, ки 30 сол мешавад миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол нурафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкорона ва манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад.

 

Мо, ояндасозони миллат бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз хоки ин сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлоли миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназири худро устуворона ва озодона пеша намуда истодаем.

 

Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидарӯҳӣ ва ифтихори миллии мо гардида, эътимодамонро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулиятамонро баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ дучанд мекунад.

 

Мо, ҷавонон низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар шинохта, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун неруи пешбарандаю такондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон фаъолияти худро барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона равона месозем.

 

Сиявуш БЕРДИЗОДА,

роҳбари Созмони ҷавонони

донишҷӯёни Академия

 

Похожие записи