ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯ БО САРБОЗОНУ АФСАРОН

IMG_3042

Тибқи нақша чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб њайати омӯзгорону кормандони Академия аз қисми ҳарбии 3502 – и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД ҶТ дар ноҳияи Варзоб дидан намуданд.

 

Дар чорабинии мазкур сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Исматуллозода Ф., мудири бахши хобгоҳ Остонаев Ш., мутахасиси пешбари шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон Бердизода С., мутахасиси шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон Назризода М. ва донишљўи курси 3 Каримов Ё. ширкат варзиданд.

Зимни вохӯрӣ аз ҷониби сардори раёсати корҳои тарбияӣ Исматуллозода Ф. зикр гардид, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Артиши миллии мо, дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд. Он дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар тадриҷан устувору қавӣ гардида, ба кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошанд ва имрӯз мо метавонем, пурдилона изҳор намоем, ки он ба неруи пурқуввати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур аз ҷониби шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон баҳри сарбозону афсарон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарњангї баргузор гардид.

Похожие записи