АФЗАЛИЯТҲОИ ИСТИФОДАБАРИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Сайдалиев Х.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат шуморида, барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори халқу давлат пайваста кӯшишу талош менамояд. Тоҷикистон дар давоми солҳои охир ба марҳилаи нави рушди устувори иқтисоди ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ, бахусус дар соҳаи маориф, ки ҳамчун омили муҳимтарини инкишофи миллат ва таҳкими асосҳои давлатдорӣ муайян шудааст, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

 

Навсозӣ ва рушди иқтисодиёти кишварро бе ноилшавии пешравиҳо дар илму маориф таъмин кардан гайриимкон аст. Ҷавҳари сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯи талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ташкил медиҳад. Сатҳи тараққиёти ин ё он давлат, пеш аз ҳама аз фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобаста буда, заминагузори он соҳаи маориф ҳисоб меёбад.

Ин аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040-ро дар Паёми хеш, ки 26-уми декабри соли 2019 баргузор гадид “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд.

Дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ талабот ба тайёр намудани мутахасисони дорои маҳорату малакаҳои идоракунии технологияҳои гуногун афзуда истодааст. Чуноне ки ба мо маълум аст, ҳоло тараққиёти дилхоҳ соҳаҳои мамлакатро бе истифодаи технологияҳои навин тасаввур намудан имконнопазир аст.

Соҳаи маориф яке аз он соҳаҳое ба шумор меравад, ки дар замони муосир онро бе истифодаи технологияҳои иттилоотии муосир тасаввур кардан ғайри имкон мебошад. Тайёр кардани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯ ба бозори меҳнат низ бе истифодаи васеъи технологияҳои муосир ғайри имкон мебошад. Истифодаи технологияҳои муосир имконият медиҳанд, ки раванди дарс аёнӣ шавад, дараҷаи фаҳмо будани он афзояд ва донишҷӯён дар чунин шакли гузариши дарс ҳам мебинад, ҳам мешунавад ва ҳам менависад, ки ин барои ҳарчи зудтар аз худ намудани мавзуъ натиҷаовар мебошад.

Афзалиятҳои истифодаи технологияҳои муосир ташаккули муносибати мустақилонаи донишҷӯён дар раванди азхудкунӣ мебошад. Донишҷӯён масъаларо мустақилона, бошуурона (бенусхабардорӣ аз каси дигар ё аз тахтаи синф) иҷро мекунанд ва дар ин ҳолат шавки ӯ нисбати фан зиёд шуда, боварӣ ҳосил мекунад, ки ин фанро азхуд карда метавонад.

Таҷриба дар тайёр намуднаи мутахассисони ҷавобгӯ дар бозори меҳнат нишон додааст, ки истифодаи технологияҳои муосир сабаби баланд гардидани сифати таълим мегардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар замони муосир қобилияту маҳорати кор бо технологияҳои муосир имкониятҳои зеринро медиҳанд:

  • савияи маданияти тахассусии мутахассисонро баланд мебардорад;
  • душвории раванди санҷиш ва таҳлили мушкилотро осон менамояд;
  • имконияти татбиқи донишҳо ва мустаҳкамкунии онҳоро фароҳам меоварад;
  • сифати гузариши дарсҳоро баланд мегардонад;
  • мустаҳкамкунии мавзуъ хуб ба роҳ монда мешавад ва ғ…

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки бо воситаҳои органҳои шунавоӣ ҳамагӣ 15% маълумот, бо ёрии органҳои биниш 25% маълумот аз худ карда мешаванд. Агар ба органҳои қабулкунӣ дар маҷмуъ (яъне ҳар ду намуди таъсир ҳамҷоя) таъсир расонем 65% иттилоот аз худ карда мешавад.

Иҷро намудани чунин корҳо дар ҷараёни дарсҳо ба он оварда мерасонад, ки донишҷӯён дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо ахбори лозимӣ сари вақт таъмин карда шаванд, ки ин аз натиҷаҳои самароноки тайёр намудани мутахассисон, баланд бардоштани сифати дарс ва ҷорӣ намудани шаклҳои пешқадами ташкили фаъолияти омӯзгорон ба даст меояд.

 

Хуршед САЙДАЛИЕВ,

ходими пешбари илмӣ-дотсенти Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия

 

Похожие записи