ПАЁМ ТАҶАССУМГАРИ ДАСТОВАРДҲОИ ИҚТИСОДӢ

lau2gk3wj0botejp73dkpxkhot0liy9b

Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бар меояд, ки сол аз сол иқтисодиёти кишвар ба таври назаррас рушд намуда, дар ин самт дастовардҳо то рафт беҳтару хубтар гардида истодаанд. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд доштанд: “Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд”.

Воқеан, агар ба таҳқиқ назар кунем, дар ҳама давру замон сатҳи рушди иқтисодиёт асос ва маҳаки ҳастии давлату ҷомеа мебошад ва он аз субот, вазъи сиёсӣ, самаранокии сиёсати иқтисодӣ, ислоҳоти саривақтӣ, сатҳи тахассусии кормандон, сифати идоракунӣ ва дигар омилҳо вобастагӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ин рӯзгори осуда ва иқтисодиёти рушдёфта расидан, марҳалаи басо пурталотуми таърихи навтарини худ ва роҳи пур аз хавфу хатарро паси сар намуд. Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ вобаста ба таъсири ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва кишварро тарк кардани кормандони баландихтисос иқтисодиёти кишвари мо рӯ ба таназзул ниҳод. Ҳамзамон, ҷанги шаҳрвандӣ сармоягузории дохилию хориҷиро кам намуда, хароҷотҳои зиёдеро барои барқароркунии баъдиҷангӣ боқӣ гузошт. Дар соли 2020 бошад, пандемияи КОВИД-19 боиси кам шудани муомилаҳои иқтисодӣ гардида, таъсираш қариб ба тамоми самтҳо расид. Бо вуҷуди ин, чуноне Пешвои миллат дар Паёми хеш таъкид доштанд: “Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо муяссар шуд, ки нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намоем. Ҳол он ки мо дар давраи пандемияи КОВИД–19 беш аз ду сол дар шароити маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ қарор доштем. Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид”.

Гуфтан мумкин аст, ки маҳз сулҳу субот ва оромии комил боис шуд, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2000-ум бо суръати бештар рушд намуд. Ҳарчанд буҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар соли 2009 ва пандемияи COVID-19 дар соли 2020 боиси коҳиш ёфтани суръати рушди иқтисодиёт дар кишвар гардид, вале боиси коҳиш ёфтани он нашуд.

Дар маҷмуъ, аз Паёми Пешвои миллат бар меояд, ки соҳибистиқлолӣ ба ба рушди иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ дода, пешбурди сиёсати мустақилонаи иқтисодӣ, қабули қарорҳо бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии тиҷоратӣ ва ҳалли саривақтии мушкилиҳои бамиёномада суръати зарурии пешрафти иқтисодиёти кишварро таъмин намуд ва дар навбати худ барои рушди минбаъдаи он заминаи мустаҳкам гузошт. Чуноне аз Паёми Сарвари давлат бар меояд, танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд. Ҳамзамон, танҳо соли 2023 аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шудааст.

Ҳамин тавр, мо метавонем, аз ҳар сатри Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як фатҳу як навиди иқтисодиро ба худ гирем. Паёми Сарвари давлат номаест, ки ҳамаи моро таҳрик ба сохтану обод кардан, дӯст доштани Ватану ҳифзи он медиҳад.

 Бахтиёр САИДЗОДА,

магистранти Академия

Похожие записи