Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_4784

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои барои мудирони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи

“Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон”, ки аз 24 то 29 феврали соли 2020 баргузор мегардад, ифтитоҳ гашт.

Дар расми ифтитоҳи курс Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизова Қумринисо намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Абдухалил Ғафурзода, нахуст шунавандагонро ба Академияи идоракунии давлатӣ хайрамақдам намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи хизмати давлатӣ,  ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.Тарғиби идеологияи солими миллӣ ва ба ин васила пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, садоқат ба миллат, Ватан ва Президенти кишвар, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созандаву муваффақи Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ  – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуҳое буданд, ки зимни ифтитоҳи курси мазкур таъкид гардидаанд.

Зикр гашт, ки бунёди ҷомеаи солим, вусъат бахшидани корҳои созандагию ободонӣ, нигоҳ доштани субботи сиёсӣ ва таҳкими амнияти давлатдорӣ мароми ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад. Ва ба ин васила мо бояд дар умури сиёсии давлат нақши созгор гузошта, маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистодаро бо масъулияти баланди касби муваффақона анҷом диҳем. Инчунин, бобати омодагӣ ба сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нақши худро гузорем таъкид шуд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки Пешвои миллат нуқтаи болоии мафкураи миллиро ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъятӣ чунин муаррифӣ намудаанд: “Ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад”.

Ин ҳадафҳо ҳамчун идеяҳои олии миллат дар заминаи сулҳу субот ва ваҳдату якдилии тамоми халқи Тоҷикистон, фарҳанги таҳаммулгаро ва ҷаҳонгири тоҷикона, бо маърифат ва номусу шарафи тоҷикона, бо азму талошҳои пиру барнои ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё ва бо иродаву раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст хоҳанд омад.

Дар рафти ифтитоҳи курси мазкур оид ба таваҷҷуҳи имрӯзаи давлату нисбат ба соҳаи хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дастгирии мутахассисони ин соҳа ва ҷалби онҳо ба курсҳои омӯзишӣ ёдрас шуда аз ҷумла қайд гардид, ки курсҳои такмили ихтисос воситаи хубеанд, ки хизматчиёни давлатӣ дониши худро такмил дода, аз таҷрибаи ҳамдигар дар фаъолияти минбаъдаи худ истифода мебаранд.

Маркази матбуоти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Похожие записи