Таҷлили Рӯзи Артиш дар Академияи идоракунии давлатӣ

IMG_4470

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 27 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ доир гардид.

Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.

Дар он Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Имомёрбеков Атобек генерал – майор, Исмоилзода Намоз, палковник собиқадорони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, устодон донишҷӯёну магистрантон иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Дар оғози чорабинӣ Ректори Академия, ҳозиринро бо фарорасии ин саҳнаи муҳими таърихӣ табрик намуда, изброз дошт, ки  Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар заминаи хушку холӣ таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба як сипари боэътимоди Ватан инчунин, таъминкунандаи амнияти кишвар мубаддал гаштааст.

Таъкид шуд, ки ягон давлат ё миллате бидуни ҳимоя ва артиш вуҷуд дошта наметавонад. Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистон бо артиш ва Қувваҳои мусаллаҳи худ, ки воқеан ҳам пуриқтидор аст, ифтихор мекунад. Имрӯз артиши мо таъминкунандаи амнияти ҳар як сокини кишвар буда, фаъолияти ниҳодҳои кудратӣ, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб ба роҳ монда шуда, қисми зиёди кормандони ниҳодҳои қудратиро мутахассисони касби ташкил медиҳанд.

 Имомёрбеков Атобек, дар мавзуҳои тарбияи ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, миллат, Президент, ҳимояи ҳар ваҷаб замини Тоҷикистон, баланд бардоштани эҳсоси ворисият аз марзу буми кишвар дар ниҳоди ҷавонон, худшиносию худогоҳии миллӣ, таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, инчунин ба ин васила пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, пешгирии таъсири таассуби динӣ дар ҷомеа, хурофотпарастию ифротгароӣ, ки давлатро ба нестшави мебаранд суханронӣ намуда, изҳори итминон карда, оид ба эътидол вардани вазъи сисёсӣ дар солҳои 90-ум, нақши таърихию рисолати созандаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаби сулҳофарии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон мисолҳои дақиқу мушахас оварданд.

Шуъбаи фарҳанг ва истеъдодҳои ҷавони Академия, бо роҳбарии Ганҷина Сафарова чун ҳамеша дастагули рангини фарҳангиро, ки фарогири шеъру суруд, рақсу тарона ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ буданд, пешниҳод намуданд. Дар охир ректори Академия ба сухани хотимавӣ баромада, зикр намуд, ки Артиши Миллӣ дар ҳар давру замон чун кафолати рӯзгори осоишта ва зиндагии пурфароғати ҳар шаҳрванд аст. Бигзор Артиши Миллии мо низ ҳамеша чун рамзи саодатмандӣ ва қудратнокии Ватани азизамон боқӣ монад.

Ҳамин тариқ, чорабинӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба фарҷом расид.

Blog Attachment

Похожие записи