БА ДОНИШҶӮ

                                                       

ЌОИДАЊОИ

тартиботи дохилї барои донишҷўёни  Академияи

идоракунии давлатии назди Президенти

Љумњурии Тољикистон

 

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои донишҷўёни муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон (минбаъд ­­­­­– Академия) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013, №1004, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 19 майи соли 2009, №531, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Ќарори Ҳукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 марти соли 2006, №94 тасдиқ шудааст, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва Оинномаи Академия қабул карда шудааст.

1.2. Қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои донишҷўёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон (минбаъд-Қоидаҳо) бо мақсади таъмини иљрои талаботи қонунгузории соҳаи маориф, муътадил ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, мустаҳкам намудани тартибу интизом, дар рўҳияи ватандўстиву одоби ҳамида тарбия намудани донишҷўён таҳия ва қабул карда шудааст.

1.3. Қоидаҳо аз ҷониби Шўрои олимони Академия тасдиќ гардида, бо њамин тартиб ба он таѓйиру иловањо ворид карда мешавад.

1.4. Иҷрои талаботи Қоидаҳо барои тамоми донишҷўён, новобаста аз шакли таҳсил ҳатмӣ буда, ҳар як довталаб ё донишҷў баъди ба сафи донишҷўёни Академия қабул ва ё интиќол ёфтанаш бо матни пурраи он шинос карда мешавад ва дар дафтари махсусе, ки дар садорати факултет нигоҳ дошта мешавад, имзо мегузорад. Барои дар дафтари мазкур имзо гузоштани донишҷў сарпарасти гурўҳи академї масъул дониста мешавад.

1.5. Дар зери мафњуми донишҷӯ шахсе, дониста мешавад, ки дар зинаҳои тањсилоти бакалавриат, магистратура ва тањсилоти дуюми олии касбї таҳсил менамояд.

 

Боби 2. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии донишҷўён

2.1. Донишҷў ҳуқуқ дорад:

2.1.1. Дар ташкили мундариҷаи таълими худ бо риояи талаботи стандартҳои давлатии таълими таҳсилоти олии касбӣ иштирок намояд.

2.1.2. Аъзои Шўрои донишљўёнро интихоб намояд, ё ба њайси узви он интихоб шавад.

2.1.3. Бахшҳои факултативӣ ва элективиро, ки аз ҷониби факултет ва кафедраи дахлдор пешниҳод мегарданд, интихоб намояд.

2.1.4. Аз хизмати китобхонаи Академия, фондҳои иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаи интернетӣ, бахшҳои таълимӣ, илмӣ ва бунгоњи тиббии Академия ба таври ройгон истифода барад.

2.1.5. Ба корњои илмї-тадќиќотї машѓул шавад, дар конференсияву симпозиумҳо, семинарњо ва маҳфилу озмунҳо иштирок намояд.

2.1.6. Мақолаҳои илмӣ ва илмї­-оммавии худро ройгон дар маљаллаи расмии Академия нашр кунад.

2.1.7. Ҳангоми бастани ақди никоҳ, вафот кардани хешу табори наздик барои аз машғулиятҳо озод шудан бо ариза ба декани факултет муроҷиат намояд.

2.1.8. Бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шакли тањсили пулакӣ ба шакли тањсили ройгон гузарад.

2.1.9. Дигар њуќуќњое, ки ќонунгузории соњаи маорифи Љумњурии Тољикистон муќаррар кардааст, амалї намояд.

         2.2. Донишҷў уҳдадор аст:

2.2.1. Баъди ба сафи донишҷўён қабул гардидан, ё интиќол ёфтан бо чунин мазмун савганд ёд кунад:

«Ман, (насаб, ном ва номи падар) ба сафи донишҷўёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон дохил шуда, тантанавор савганд ёд мекунам, ки тамоми саъю кўшиш ва азму талоши худро баҳри аз худ намудани илму дониш, баланд бардоштани обрўву эътибори Академия равона месозам. Бо бањои хубу аъло ва одобу ахлоқи ҳамида дар Академия тањсил намуда, баъди хатми он њамчун мутахассиси баландихтисос тамоми ҳастиамро баҳри ободиву рушди Ватани азизи худ мебахшам».

2.2.2. Рамзҳои давлатӣ Парчам ва Нишони давлатиро эҳтиром намуда, матни пурраи Суруди миллиро аз ёд донад.

2.2.3. Тартиботи дохилии Академия, аз ҷумла Қоидаҳои мазкурро дар фаъолияти ҳамарўзааш риоя намояд.

2.2.4. Қоида ва дастурамалҳои санитарӣ ва гигиенӣ, бехатарии воситаҳои техникӣ, истеҳсолӣ ва зидди сўхторро риоя намояд.

2.2.5. Дар ҳудуди Академия бо рафтори накў ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошад.

2.2.6. Одоби муошират ва этикаи донишљўиро риоя карда, аз арзишњои баланди маданияти тараќќикардаи љањони пешрафта огоњ бошад.

2.2.7. Ба Академия ҳатман бо либосҳое ворид шавад, ки намунааш тибќи Дастурамали либосњои тавсиявии хонандагон ва донишљўёни муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон муќаррар гардидааст.

2.2.8. Ба машғулиятҳо њатман бо ҷузвдон, китобу дафтарҳо, қалам, ручка ва лавозимоти дигари хониш ҳозир шавад.

2.2.9. Эҳтироми омўзгоронро ба ҷо оварда, вазифаву супоришҳояшонро саривақт иҷро намояд.

2.2.10. Ҷадвали тасдиќшудаи машғулиятҳоро қатъиян риоя намуда, ба дарсҳо дер намонад.

2.2.11. Ба ҷараёни дарс халал нарасонад.

2.2.12. Дар роҳрав, толору синфхонаҳо тозагӣ ва тартиботи ҷамъиятиро риоя намояд.

2.2.13. Иштироки волидайн, ё дигар намояндагони ќонунии худро дар маҷлиси падару модарон таъмин намояд.

2.2.14. Нисбат ба молу мулки Академия (бино, воситаҳои техникӣ, миз, курсӣ, ҷевон, дастурҳои таълимӣ, китоб, маҷалла, рўзнома, аёният ва ғайра) эҳтиёткор бошад ва дар сурати расонидани зарар зиёни воқеии расонидаашро ҷуброн намояд.

2.2.15. Дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва чорабиниҳои сиёсии Академия, факултет ва кафедрањо фаъолона иштирок намояд.

2.2.16. Машғулиятҳои семинариву амалӣ ва корҳои мустақилона бо устодро дар вақташ тайёр намояд.

2.2.18. Дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, конференсияњо, олимпиадањо, симпозиум ва маҳфилу озмунҳо иштирок намуда, суханронї намояд.

2.2.19. Нисбати дигар халќу миллатњо ва дину мазњабњо тањаммулпазир бошад.

2.2.20. Донишҷўён уҳдадоранд, ки ҳангоми ба синфхона ворид гардидани омўзгор ўро рост истода, истиқбол намоянд. Ба ҷойи худ нишастани донишҷўён бо иҷозати омўзгор сурат мегирад. Пас аз он, сардори гурўҳ дар бораи давомоти донишҷўён ба омўзгор ҳисобот медиҳад.

2.2.21. Ҳар як донишҷў бояд дар давоми баргузории машғулият бодиққат омўзгорро гўш карда, дар муҳокимаи масъалаҳои дахлдор фаъол бошад, дар давоми баргузории машғулиятҳои лабораторӣ дастурамали техникаи бехатариро риоя намояд, буридани сухани омўзгор, ҳамроҳи худ оварда истеъмол кардани хўрок ва нўшокиҳо, байни ҳамдигар гап задан, бе иҷозат аз ҷой хеста, дар синфхона гаштан, ё баромада рафтан манъ карда мешавад. Дар мавридҳои зарурӣ донишҷў ба воситаи даст бардошта иҷозат пурсидан, метавонад, ба омўзгор бо савол, ё хоҳиш муроҷиат намояд.

 

2.3. Барои донишҷў ва магистр манъ карда мешавад:

2.3.1. Бидуни сабабҳои узрнок ба дарсшиканӣ роҳ надиҳад. Дар сурати бемор гаштан, ё бо сабаби узрноки дигар ба машғулиятҳо ҳозир шуда натавонистан, на дертар аз рўзи дигар дар ин бора сарпарасти гурўҳ ва ё декани факултет, сардори шуъбаро ба воситаи волидайн, ё намояндагони ќонунии худ, ё тариқи телефон огоҳ намуда, баъди ба Академия омадан, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷой доштани сабаби узрнокро пешниҳод намояд.

2.3.2. Роҳ додан ба дарсшиканӣ, аз љумла ба тариќи дастаљамъї.

2.3.3. Истеъмоли нўшокиҳои спиртиву маводи нашъадор, дар дохили бинои таълимӣ, роҳрав ва толорҳои Академия кашидани носу тамоку.

2.3.4. Ҳозир шудан ба машғулиятҳо бо либоси варзишӣ (ба ғайр аз дарси тарбияи ҷисмонӣ), таблиғотї, дорои ҳар гуна навиштаҷот ва парчаму рамзҳои давлатҳои хориљї.

2.3.5. Аз меъёр зиёд истифода намудани ҷавоҳирот.

2.3.6. Рафтуомад ба Академия бо мошини шахсӣ.

2.3.7. Дар раванди таълим истифода бурдани телефони мобилӣ.

2.3.8. Худсарона, бе иҷозати маъмурияти Академия ташкил намудани ҳамагуна ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо ва ғайра.

2.3.9. Муносибати дағалона нисбати ҳамсабақон, омўзгорон ва кормандони Академия, аз ҷумла таҳқири шахсияти онҳо.

2.3.10. Ҳозир шудан ба Академия бо ришу мўи сари расида ва сару либоси ѓайритавсиявї.

2.3.11. Дар байни донишҷўён ва магистрантони дигар бурдани ҳама гуна корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба маром ва ҳадафҳои ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи сиёсӣ ва ташкилоту равияҳои хусусияти диниву мазњабї ва экстремистидошта, ба воситаи телефону шабакаи интернетӣ тамошо, ё гўш кардани навору сабтҳои хусусияти ғайриахлоқӣ ва экстремистидошта.

2.3.12. Шомил гаштан ба узвияти ҳизбу ҳаркатҳои сиёсӣ ва ташкилотҳо, ки фаъолияташон дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шудааст.

2.3.13. Барангехтани кинаю адоват, ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ, мазҳабӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ.

  

Боби 3. Таъмини тартибот ва интизом дар раванди

баргузории машғулиятҳо

3.1. Бояд донишљў ва магистар даҳ дақиқа пеш аз оғози дарс ба синфхона ҳозир шавад. Донишҷў ва магистре, ки баъд аз оѓози дарс ҳозир мешавад, танҳо бо иҷозати декани факултет, сардори шуъба ва ё омўзгори навбатдор ба машғулият роҳ дода шуданаш мумкин аст.

3.2. Дар раванди машғулият аз ҷониби донишҷў ва магистр истифода бурдани планшет, ё компютери шахсӣ танҳо бо иҷозати омўзгори фаннї сурат мегирад.

3.3. Донишҷў ва магистре, ки тартиботи дохилии синфхонаро вайрон мекунад ва талаби омўзгорро дар бораи қатъ кардани ин амали худ сарфи назар менамояд, бо салоњдиди омўзгор аз синфхона берун шуда, дар ин бора ба декани факултет ва сардори шуъба гузориш пешниҳод карда мешавад. Дар ин маврид декани факултет ва сардори шуъба уҳдадор аст, ки донишҷўро даъват намуда, аз вай баёноти хаттӣ гирад ва вобаста ба амали содир намудааш санад тартиб дода, ба раёсати Академия дар бораи татбиќи љазои интизомӣ пешниҳод манзур намояд.

3.4. Баъди ба охир расидани машғулият донишҷўён танҳо бо иҷозати омўзгор аз ҷойи худ хеста, синфхонаро тарк карда метавонанд.

Боби 4. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва тартиби

истифодабарии онҳо

4.1. Њавасмандгардонии донишљў ва магистрант барои ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар ҷараёни таълим, фаъолияти самараноки илмӣ-тадқиқотӣ, иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳои ҷамъиятӣ дар шаклњои зерин сурат мегирад:

1) эълони раҳматнома;

2) сарфароз гардонидан бо ифтихорнома;

3) ирсоли сипоснома ба падару модари донишҷў;

4) мукофотонидан бо туҳфаи хотиравӣ ё маблағи пулӣ;

5) тибқи талабот ва тартиби муқарраркардашуда пурра ё қисман озод кардан аз пардохти маблағи шартномаи таҳсил;

6) ҷойгир кардани ном ва расм дар лавњаи ифтихорӣ.

4.2. Њавасмандгардонӣ бо пешнињоди декани факултет (магистрант бошад бо пешниҳоди сардори шуъбаи магистратура) аз љониби ректори Академия амалї мегардад. Иқтибос аз фармоиши ректор оид ба ҳавасмандагардонӣ дар парвандаи шахсии донишҷў ва магистрант нигоҳ дошта мешавад. 

Боби 5. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани

               интизом ва тартиботи дохилӣ 

5.1. Барои вайрон кардани интизом ва тартиботи дохилӣ, содир намудани рафтори бадахлоқона, риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, санадҳои дохили Академиявӣ, аз ҷумла Қоидаҳои мазкур нисбати донишҷў ва магистрант ҷазои интизомӣ дар намудњои зерин татбиќ карда мешавад:

1) огоњї;

2) сарзаниш;

3) танбеҳ;

4) танбењи ќатъї;

5) хориҷ кардан аз сафи донишҷўён ва магистрантони Академия.

5.2. Дар њолати хориҷ гардидани магистрантон ва донишҷӯёни тањсилоти дуюми олии касбї аз сафи донишҷӯёни Академия, маблаѓи барои тањсил пардохтшуда баргардонида намешавад.

5.3. Дар сурати истифодаи телефони мобилї дар раванди дарс дар асоси пешнињоди омўзгори фаннї ва дигар шахсони масъули Академия нисбати донишљў љазои интизомї татбиќ карда мешавад.

5.4. Нисбати донишҷў ва магситрант танҳо баъди омода сохтани санад ва аз ў гирифтани баёноти хаттӣ чораҳои ҷазои интизомӣ татбиќ шуданаш мумкин аст. Саркашӣ кардани донишҷў ва ё магистрант аз додани баёнот барои татбиќи чораи дахлдори ҷазои интизомӣ садди роҳ шуда наметавонад. Дар бораи саркашӣ кардани донишҷў ва ё магистрант аз додани баёнот санади дахлдор тартиб дода мешавад.

5.5. Ҷазои интизомӣ ба донишҷў ва магистрант на дертар аз як моҳи ошкор шудани кирдори ў ва на дертар аз шаш моҳи содир гардидани чунин кирдор дода мешавад, ки ба ин муҳлати бемории донишҷў ё магситрант ва вақти таътили ў дохил намешавад.

5.6. Ҳангоми татбиқи ҷазои интизомӣ вазнинии кирдор, ҳолати содиршавии он, кору амали пешина ва рафтори донишҷў ва ё магистрант ба эътибор гирифта мешаванд.

5.7. Фармоиш дар бораи татбиќи љазои интизомӣ аз ҷониби ректори Академия бо пешниҳоди декани факултет ва ё шахсони дигари масъул бароварда шуда, он ба донишҷўён расонида мешавад ва дар парвандаи шахсии донишҷўи љазогирифта нигоҳ дошта мешавад. Барои њар як кирдор танњо як љазои интизомї дода мешавад.

5.8. Хориљ кардан аз сафи донишҷўёни Академия њамчун љазои интизомї дар мавридҳои зерин татбиќ карда мешавад:

1) барои давомоти нокифоя, яъне дар  њаљми  зиёда аз 48 соат ба дарсшиканї роњ додан ;

2) ба таълим шурўъ накардан баъд аз рухсатии академӣ;

3) дар сурати саривақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома;

4) дар муҳлати муқарраргардида насупоридани се ва зиёда аз он санҷишу имтиҳони њатмї;

5) барои содир кардани ҷиноят;

6) барои дағалона вайрон кардани интизом, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва Оинномаи Академия;

7) њангоми вайрон намудани тартиботи љамъиятї тавассути мошинњои шахсї, њамзамон њозир шудан ба Академия бо мошини шахсї (бе њуќуќи барќароркунї);

8) пайваста вайрон кардани Дастурамали либосњои тавсиявии хонандагон ва донишљўёни муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон тасдиќшуда;

Боби 6. Њамкории падару модар ва ё намояндагони

ќонунии донишљўён бо Академия

6.1. Њамкории падару модар бо Академия дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва Оинномаи Академия амалї карда мешавад.

6.2. Падару модар дар назди Академия нисбати фарзандашон чунин уњдадорињо доранд:

- фарзандро дар рўњияи ватандўстї, риояи бечунучарои ќонун, арзишњои миллї ва умумибашарї тарбия намоянд;

- донишандўзї ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омўзгорон, њайати кормандон ва роњбарияти Академия оид ба таълими фарзанд мунтазам њамкорї намоянд;

- дар маљлисњои падару модарон ва дигар чорабинињои Академиявї бо даъвати маъмурият тибќи талаботи Оинномаи Академия ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї иштирок намоянд;

- дигар уњдадорињоеро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст, иљро намоянд.