БА ДОВТАЛАБ

НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ДОВТАЛАБОН

Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабули Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонпешниҳод менамоянд:

Довталабоне, ки тибқи рўйхати ММТ ҳуҷҷат месупоранд:

1.     Аттестат ва замимаи он (асл).

2.     Шиноснома (бо 1 дона нусха).

3.     Шаҳодатномаи ҳарбӣ (бо 1 дона нусха) барои писарон.

4.     Маълумотномаи тиббӣ шакли 038.

5.     Расми андозаи 3х4 – 6 дона.

6.     Ариза ба номи ректори Академия (дар комиссяи қабули  Академия дода мешавад).

7.     Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули Академия дода мешавад) – барои донишҷўёне, ки ба гурўҳҳои шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.

Довталабоне, ки баъд аз хатми коллеҷҷҳои соҳавӣ барои идомаи таҳсил ҳуҷҷат месупоранд:

1.     Диплом ва замимаи он (асл).

2.     Шиноснома (бо 1 дона нусха).

3.     Шаҳодатномаи ҳарбӣ (бо 1 дона нусха) барои писарон.

4.     Маълумотномаи тиббӣ шакли 038.

5.     Расми андозаи 3х4 – 6 дона.

6.     Ариза ба номи ректори Академия (дар комиссяи қабули  Академия дода мешавад).

7.     Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули  Академия дода мешавад) – барои донишҷўёне, ки ба гурўҳҳои шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.

Довталабоне, ки баъд аз хатми МТОК барои гирифтани маълумоти дуюми олӣ ҳуҷҷат месупоранд:

1.     Диплом ва замимаи он (нусха бо тасдиқи идораи нотариалӣ).

2.     Шиноснома (бо 1 дона нусха).

3.     Маълумотномаи тиббӣ шакли 038.

4.     Расми андозаи 3х4 – 6 дона.

5.     Ариза ба номи ректори Академия (дар комиссяи қабули  Академия дода мешавад).

6.     Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули  Академия дода мешавад) – барои донишҷўёне, ки ба гурўҳҳои шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.

Довталабоне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат месупоранд:

1.     Аттестат ва замимаи он (асл).

2.     Шиноснома (бо 1 дона нусха).

3.     Шаҳодатномаи ҳарбӣ (бо 1 дона нусха) барои писарон.

4.     Тавсифномаи довталаб.

5.     Суратмаҷлиси шўрои мактаби хатмкунанда оид ба тасдиқи квота.

6.     Тавсияномаи мудири шуъбаи маориф.

7.     Роҳхати раиси ноҳия ба ректори Академия.

8.     Қарордоди сетарафа (ноҳия,  Академия, донишҷў) 3 нусха.

9.     Протоколи суҳбат.

10. Маълумотномаи тиббӣ шакли 038.

11. Расми андозаи 3х4 – 6 дона.

12. Ариза ба номи ректори Академия (дар комиссяи қабули Академия дода мешавад).

ҚОИДАҲОИ ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН

Тартиби қабули довталабон ба  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои гирифтани зинаи таҳсилоти магистратура

1. Қабул ба магистратураи  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ рӯйи самт ва ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки вобаста ба омода намудани магистрантон дар ин самт  Академия соҳиби иҷозатномаи намунаи давлатӣ мебошад.

2. Барои қабул шудан ба магистратура шахсоне ҳуқуқ доранд, ки яке аз барномаҳои таҳсилоти олии касбиро ба итмом расонида, дорои дипломи маълумоти олӣ (бакалавр ё мутахассис) бошанд.

3. Шахсоне, ки  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонва ё муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигарро аз рӯйи барномаи бакалавриатура ва ё мутахассис хатм карда, бо қарори Комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои таҳсил ба магистратура тавсия шудаанд, аз рӯйи ихтисоси мувофиқ (барномаи магистрӣ) бо таълифи реферат ва гузаштан аз суҳбат-озмун ҳуқуқи ба магистратура ҳуҷҷат супориданро доранд.

4. Шахсони дорои дипломи таҳсилоти олӣ аз рӯйи барномаи бакалавриатура ва ё мутахассис, ки ихтисосашон бо равияи интихобнамудаашон дар магистратура мувофиқат намекунад, дар доираи талаботе, ки нисбат ба таҳсилот дар бакалавриатура вобаста ба ихтисоси мувофиқаткунандаи магистратура муқаррар гардидааст, ҳатман имтиҳон месупоранд.

5. Агар дохилшавии хатмкардаи  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонба магистратура дар соли хатми довталаб ба вуқуъ пайвандад, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии байнифаннӣ аз рӯйи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос «хуб» ва «аъло» бошад). Дар мавриди «қаноатбахш» будани имтиҳони ҷамъбастии байнифаннӣ довталаб имтиҳони дохилшавӣ месупорад. Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як сол ва зиёда аз он сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталабон (аз нав)  имтиҳон месупоранд.

6. Барои таҳсил дар гурӯҳҳои буҷавии магистратура то 20% хатмкунандагони  Академия тавсия мешаванд. Дар ҳолати аз 20% зиёд будани довталабон дохилшавӣ дар шакли озмун ба тариқи шартномавӣ сурат мегирад.

  • Барои қабул ба магистратура ҳуҷҷатҳои зерин ба раёсати таълим пешниҳод карда мешавад:       
  • ариза ба номи ректор бо нишон додани ихтисоси магистратура;  
  • дипломи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи аслӣ), барои қабул ба магистратура мавҷудияти дипломи зинаи бакалавр ва мутахассис ҳатмист;     
  • замимаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ (варақаи баҳо, нусхаи аслӣ);   
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 086);       
  • 6 дона сурат (андозаи 4/3);   
  • нусхаи шиносномаи шахсӣ;    
  • ҷувздон (скоросшиватель) -1 дона      
  • реферат (дар дилхоҳ мавзӯъ вобаста ба ихтисоси интихобнамуда). 

Макони супоридани ҳуҷҷатҳо шаҳри Душанбе, кучаи Саид Носир 33, Комиссияи қабули АИДНПҶТ.

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои зинаи магистратура

  1. Диплом ва замимаи он (асл).
  2. Шиноснома (бо 1 дона нусха).
  3. Шаҳодатномаи ҳарбӣ (бо 1 дона нусха) – барои писарон.
  4. Маълумотномаи тиббӣ шакли 038.
  5. Расми андозаи 3х4 – 6 дона.
  6. Ариза ба номи ректори  Академия (дар комиссяи қабули  Академия дода мешавад).
  7. Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули  Академия дода мешавад) – барои донишҷўёне, ки ба гурўҳҳои шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.
  8. Реферат (дар мавзўе, ки ба ихтисоси интихобкарда мувофиқ бошад).

Қоидаҳои қабул барои донишҷӯёни хориҷӣ

Тартиби қабули довталабон-шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа ба  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қабули довталабон-шаҳрвандони хориҷӣ ба  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистондар асоси Қонун «Дар  бораи маориф» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.

2. Қабули шаҳрвандони хориҷӣ тибқи квотаи ҷудошуда дар асоси фармоиши давлатӣ, инчунин, дар асоси шартнома бо  Академия мувофиқи тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

3. Шаҳрвандони хориҷие, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мебошанд, ба  Академия қабул карда мешаванд. Сатҳи ихтисос, ки барои дохилшавӣ ба чунин шаклҳои таҳсил зарур аст, аз тарафи  Академия тибқи талаботи мавҷудаи барномаҳои таълимӣ муайян мегардад.

4. Шаҳрвандони хориҷӣ ба  Академия дар асоси шартҳои зерин қабул карда мешаванд:

  • мутобиқи созишномаҳои байналмилалӣ (дар ихтисосҳои факултети журналистика бошад, баъди гузаштан аз санҷиши маҳорат аз ҷониби кафедраҳои тахассусӣ);
  • дар ҳудуди ҷойҳои муқарраршудаи қабул бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • мувофиқи шартномаи тарафайн бо  Академия барои ҳар як ҷой дар ҳудуди миқдори муайяншудаи иҷозатнома бо пардохти маблағи таҳсил тибқи риояи тартиби қабули мазкур.

5. Барои тоҷикони бурунмарзӣ (тоҷикони ақаллиятҳои миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) дар тамоми ихтисосҳои  Академия маблағи пардохти шартнома ба таври иловагӣ муқаррар карда шудааст.

 6. Дар сурате ки шаҳрвандони хориҷӣ аз курси тайёрӣ гузашта бошанд, натиҷаи имтиҳони хатми курси тайёрии  Академия ба сифати натиҷаи имтиҳони дохилшавӣ ҳисоб карда мешавад.

7. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба муассисаҳои таҳсилоти касбии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома қабул мешаванд, бо муассисаи  таълимӣ қарордод ба имзо мерасонанд, ки дар он шартҳои таҳсил, уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои тарафҳо нишон дода мешавад.

 8. Ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабули  Академия пешниҳод менамоянд:

  • аризаи шахсӣ (анкета оид ба қабул ба таҳсил) бо нишондоди ихтисоси интихобшуда ва шакли таҳсил;
  • ҳуҷҷати аслии таҳсилот, ки ба ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсилот баробар аст (Шаҳодатномаи баробарарзишӣ оид ба таҳсилот), бо нишондоди ихтисос (дараҷа), фанҳои омӯхташуда ва натиҷаи баҳоҳо, тасдиқи тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ ва ё русӣ бо тартиби муқарраргардида;
  • ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (барои онҳое, ки ба курси 1 қабул мешаванд);
  • ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти пурра ва инчунин, маълумотномаи академӣ (ва ё диплом) дар бораи таҳсилоти олии нопурра ё диплом дар бораи таҳсилоти касбии зинаҳои гуногун (барои онҳое, ки ба курсҳои болоӣ қабул мешаванд);
  • дипломи бакалавр (ва ё мутахассис) ё дипломи ба ин дараҷаи ихтисос баробар (барои онҳое, ки ба магистратура қабул мешаванд);
  • шаҳодатномаи намунаи муқарраршуда дар бораи бо муваффақият хатм намудани курси тайёрӣ; -маълумотномаи тиббии намунаи муқарраршуда, ки набудани бемории аломати масунияти бадан (СПИД)-ро шаҳодат медиҳад ва дар он қайди махсус гузошташуда, аз тарафи идораи расмии нигаҳдории тандурустии кишвари хориҷӣ тасдиқ шудааст;
  • нусхаи шиноснома бо раводид ва қайди амалкунанда (ҳангоми дар ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон будан), корти муҳоҷирӣ;
  • 6 дона сурати 3х4.  

9. Ҳуҷҷатҳои довталабон баъди аз нострификатсия (баробарарзишӣ) гузаронидани ҳуҷҷати таҳсилоти худ ва муайян шудани дараҷаи сатҳи таҳсилот қабул карда мешаванд.  

 10. Довталабоне, ки дар рӯзи муайяншуда бесабаб ба озмуни қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашташуда ҳисобида мешаванд. 

Номгўи ҳуҷҷатҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ

  1. Аттестат ё диплом – асли ҳуҷҷат.
  2. Тарҷума ва тасдиқи нотариалии аттестат/диплом (барои нафароне, ки мактаб /коллеҷ / Академияро дар хориҷа хатм кардаанд).
  3. Шаҳодатномаи баробарарзишӣ (бо пешниҳоди нусхаи паспорт ва аттестат/диплом ба Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф (дар километри 7-ум, дар бинои Полиграфкомбинат ҷойгир аст) дода мешавад.
  4. Нусхаи шиноснома (паспорт) бо тарҷума ва тасдиқи нотариалӣ.
  5. Маълумотномаи тиббӣ (шакли 038).
  6. Маълумотномаи ташхиси ВНМО (ВИЧ/СПИД) (AIDS).
  7. Сурати андозаи 3х4 – 6 дона.
  8. Ариза (дар комиссияи қабули  Академия дода мешавад)
  9. Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули  Академия дода мешавад).