Раёсати илм ва инноватсия

 

       

 

Ҷобирзода Раҷабалӣ Фатҳулло
Сардори раёсати илм ва инноватсия

Тел: +992 228-91-92; 918-31-29-90.
 E-mail: rajab1987@mail.ru

 

 

 

Раёсати илм ва инноватсия яке аз сохторҳои муҳими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ – таҳқиқотии устодону унвонҷӯён ва донишҷӯён, фаъолияти инноватсионӣ, омодакунии кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ, фаъолияти илмии магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (аспирантура)-ро ба роҳ мемонад.

Раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академия, фармоишҳои ректор, супоришҳои ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мемонад.

Раёсати илм ва инноватсияи Академия дар тобеияти бевоситаи ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия қарор дошта, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ – тадқиқотии пажуҳишгоҳҳо, кафедраҳо, устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва дигар сохторҳои дахлдори Академияро амалӣ менамояд.
Ҳадафҳои асосии раёсати илм ва инноватсияи Академия ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ, ҳал ва мусоидат намудан ба масъалаҳои вобаста ба илм ва инноватсия, омода кардани кадрҳои соҳибунвони илмӣ, тарғиби дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии Академия, ташкил намудани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, дигар чорабиниҳои илмӣ, намоишгоҳҳо ва нашри асарҳои илмӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади омода кардани кадрҳои соҳибунвони илмӣ дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми апрели соли 2022, № 128 / шд, Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-044 оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос барои ихтисосҳои 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ (6D030104 – Ҳуқуқи молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷетӣ; 6D030109 -Ҳуқуқи маъмурӣ; ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ), инчунин доир ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯи ихтисосҳои 12.00.04 –Ҳуқуқи молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷетӣ; 12.00.14 – Ҳуқуқи маъмурӣ; ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ таъсис дода шудааст.

Дар сохтори раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зерсохторҳои зерин фаъолият намуда истодаанд:

  • 1) Шуъбаи магистратура;
  • 2) Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ- педагогӣ;
  • 3) Шуъбаи таҳрир ва табъу нашр;
  • 4) Шуъбаи илм ва татбиқот;
  • 5) Китобхонаи илмӣ ва электронӣ;
  • 6) Парки технологӣ.
     

Ҳадаф ва вазифаҳои раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ-тадқиқотии устодону омӯзгорон, докторантҳо аз рӯи ихтисос, магистрҳо, унвонҷӯён ва донишҷӯёни Академия;
- назорати иҷрои корҳои илмии тадқиқотӣ ва илмию методии устодону унвонҷӯёни Академия;
- мусоидат оид ба иштироки омӯзгорон ва кормандони илмии Академия, дар мувофиқа бо ректори Академия, дар симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
- назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии Академия, факултет, кафедра ва нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- танзим ва ташкили фаъолияти таҳририю интишорӣ, аз ҷумла нашри рӯзнома, маҷалла, маводи таълимӣ ва илмии методӣ;
- мусоидат дар ташкили шуроҳои диссертатсионӣ дар назди Академия;
- ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ ва амалӣ;
- анҷом додани баҳогузории маҷмӯии ҳарсола ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраҳо ва устодону омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;
- мусоидат ва назорат дар ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар Академия;
- пешниҳод ва назорати рухсатиҳои эҷодӣ ба кадрҳои илмӣ;
- мусоидат дар ташкили табъу нашри маҷмуъаҳои мақола ва асарҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорон ва таълимгирандагони Академия;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти шӯрои олимони ҷавон, ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии назди кафедраҳо;
- назорати фаъолияти китобхонаи илмӣ ва парки технологӣ;
- назорати фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.KOA-044;
- назорат аз болои фаъолияти илмии магистрантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос ва унвонҷӯён;
- назорат ва пешниҳод намудан оид ба ҳавасмандкунии ҳайати устодону омӯзгорон ва таълимгирандагони Академия барои бомуваффақият анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, иштироки фаъолона дар конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
- ҷалб намудани донишҷӯёни лаёқатманд ба озмуну олимпиадаҳо ва мусоидаткунӣ баҳри мустақилона иҷро кардани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби онҳо;
- таҳия ва татбиқи барномаи ҳамкориҳои Академия бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохиливу хориҷии кишвар;
- омода кардани ҳисоботи илмӣ ва маълумотномаҳои Академия.