Президент

|
Ализода Баҳриддини Пирмуҳаммад
доктори илмҳои таърих, и.в. профессор
директори Пажуҳишгоҳи идоракунии
давлатӣ ва хизмати давлатӣ
Тел.: +992 228-91-51, 918 189726
E-mail: pazhuhishgoh.did@mail.ru
Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ
Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷузъи асосии низоми илмӣ ва илмию методии Академия буда, дар самти анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр кардани мутахассисони илмӣ, баланд бардоштани савияи тахассуси илмии кормандони Академия ва хизматчиёни давлатӣ фаъолият менамояд.
Пажуҳишгоҳи фаъолияти худро ҳамчун Маркази тадқиқоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар сохтори собиқ Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта, моҳи январи соли 2009 расман ба фаъолият оғоз кардааст.
Дар асоси тағйир ёфтани мақоми Донишкада ва таҷдиди сохтори он аз моҳи августи соли 2013 Марказ ба Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Моҳи феврали соли соли 2020 дар натиҷаи тағйироти сохторӣ ба Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ фаъолияти илмӣ, инноватсионӣ ва таҳлилию иттилоотиро амалӣ менамояд.
Самтҳои асосии фаъолияти Пажуҳишгоҳ:
Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҳамчун воҳиди сохтории муҳимми Академия дар кори гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ва ҷиҳати самаранок намудани фаъолияти факултетҳо, магистратура, курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ нақши фаъол дорад.
Вазифаҳои Пажуҳишгоҳ
Барои расидан ба ҳадафҳои худ Пажуҳишгоҳ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: