Рӯзномаи “Сарвар ва миллат”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти шумораҳои ҷашнӣ дар як моҳ 2 маротиба бо теъдоди ҳазор нусха нашр мегардад. Дар рӯзнома омӯзгорон, кормандон, магистрантон ва донишҷӯён мақолаҳо, очерку лавҳаҳо ва шеърҳо аз эҷодиёти худ мунташир месозанд. Яке аз саҳифаҳои рӯзнома барои эҷодиёти магистрантону донишҷӯён бахшида шудааст, ки он "Минбари донишҷӯ" унвон гирифтааст. Ба ҳайати мушовараи рӯзнома, Раҳмон Озода Эмомалӣ - Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асадулло Раҳмон - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Сафарзода Даврон Ҷурахон ворид карда шудаанд. Дар рӯзнома матолибе нашр мешаванд, ки идораи нашрия зимнан метавонад бо муаллифон ҳамқадам набошад ва масъулияти онро ба дӯш нагирад. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №145/Р3-97 аз 28 июли соли 2019 ба қайд гирифта шудааст.