Кафедраи менеҷмент

 

       

 

Қодирова Гулмо Толибовна

номзади  илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Мудири кафедраи менеҷмент

Тел: (+992) 881-11-77-41

E-mail: gulmokodirova68@mail.ru

 

 

 

Кафедраи менеҷменти факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар асоси сохтори нави Академия таъсис дода шудааст.

Кафедраи мазкур яке аз марказҳои муҳими илмию таълимӣ дар сохтори Академия буда, кулли фаъолияти он тибқи бунёди илмҳои идоракунӣ ва иқтисодиёт сурат мегирад ва ҳалли мушкилоти омўзиши онҳоро ба зимма дорад.

Фаъолияти ҳайати устодони кафедра. Фаъолияти асосии ҳайати устодони кафедра ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир, барои ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, шӯъбаҳои тараққиёт ва маркетинги корхонаҳо, фирмаҳои хусусӣ ва ассотсиатсияҳо, бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавӣ, фондҳои инвеститсионӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва идоракунӣ талаб менамоянд, алоқамандӣ дорад. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва стандартҳои байналмилалии низоми идоракунӣ, талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунӣ дар ҳамаи сохторҳои иқтисодиёти кишвар дучанд баланд намуд. Бинобар ин, дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсили донишҷӯён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани онҳо гузошта шудааст.

Ҳадафи кафедра. Кафедраи менеҷмент ҷиҳати таъмини раванди босифати таълими фанҳои менеҷменти молиявӣ, менеҷмент, маркетинг, идоракунии андоз ва ғайраҳо пайваста чораҳои зарурӣ андешида, барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ва хизмати давлатӣ мусоидат менамояд.

Вазифаҳои асосии кафедра:

{C}-  {C}дар донишҷўён ташаккул додани маҳоратҳои касбӣ, масъулятнокӣ, ҷаҳонбинӣ, санъати идоракунӣ, санъати роҳбарӣ, ҳуввияти миллӣ, ташаккули фарҳанги муосир ва омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт ва хизмати давлатӣ дар ҳама зинаҳои идоракунӣ;

{C}-  {C}таҳияи китобҳои дарсӣ ва васоитҳои таълимӣ барои дастраснамоии  фанҳои марбути кафедра ба донишҷӯён, магистрантон ва олимону муҳаққиқот;

{C}-  {C} коркарди барномаҳои таълимии мувофиқ ба самтҳои идоракунии давлатӣ, таъмини усулҳои идоракунии инноватсионӣ, бо назардошти дастовардҳои замони муосир;

{C}-  {C}ташкили чорабиниҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молиявӣ ва рушди санъати идоракунӣ бо ҷалби доираи васеъи олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёну магистрантон;

Айни замон дар кафедра 18 фаннӣ таълимии зерин омӯзонда мешавад:

{C}1.   {C}Менеҷменти молиявӣ

{C}2.   {C}Менеҷмент ва маркетинг

{C}3.   {C}Маркетинг

{C}4.   {C}Менеҷменти стратегӣ

{C}5.   {C}Менеҷменти андоз

{C}6.   {C}Асосҳои менеҷмент

{C}7.   {C}Менеҷмент

{C}8.   {C}Менеҷменти инноватсионӣ

{C}9.   {C}Менеҷменти кадрӣ

10. Тайм-менеҷмент

11. Санъати роҳбарӣ

12. Менеҷменти бонкӣ

13. Менеҷменти иттилоотӣ

14. Маркетинги шабакавӣ

15. Менеҷменти молиявӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ

16. Менеҷменти истеҳсолӣ

17. Менеҷменти хафвҳои молиявӣ

18. Менеҷменти молиявӣ дар ташкилотҳои суғуртавӣ

19. Менеҷменти сармоягузорӣ

20. Менеҷменти иқтисодӣ

21. Бренд-менеҷмент

22. Асосҳои маркетинг

23. Асосҳои назарияи менеҷменти молиявӣ

24. Менеҷменти молиявӣ дар бозори фодӣ

Дастовардҳои кафедра. Кафедра барои омодасозии донишҷўёне, ки дар Олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, саҳм мегузорад. Инчунин, ҳайати устодони кафедра дар озмунҳои мухталифи фаннӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Дар назди кафедра маҳфили «Иқтисодчиёни ҷавон» ва семинари илмии кафедра амал мекунад. Маҳфил ва семинари мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омӯзиши фанҳои иқтисодӣ ва идоракунӣ мунтазам баргузор мегарданд.

Дар кафедра 23 нафар омўзгорон, аз ҷумла 2 нафар доктори илм, профессор, 8 нафар номзади илм дотсент, 5 нафар номзадони илм муаллими калон, 1 нафар муалллими калон ва 7 нафар ассистент фаъолият намуда истодаанд.

Мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии кафедра барои давраи солҳои 2021-2025 «Такмилдиҳии менеҷменти инноватсионӣ ва баландбардории самаранокии фаъолияти идоракунӣ» мебошад.