Шуъбаи муҳофизат

 

Абдуллоев Абдулмаҷид Зоҳидович

Тел: (+992) 935834042, 37 224566

Суроғаи электронӣ: abdulmajid65@mail.ru

Шуъбаи муҳофизати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд шуъба) қисмати сохтории Академия мебошад, ки тамоми маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба таъмини бехатарии фаъолияти боэтимоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонт ташкил ва бевосита амалӣ мегардонад.

Фаъолияти худро шуъба дар мувофиқа бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ойинномаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва нишондодҳои Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низоиномаи Академия амалӣ менамояд:

  • таъмини бехатарии роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати устодон ва кормандон.
  • коркард ва татбиқи системаи чорабиниҳо ва чорабиниҳои байналмилалии сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба таъмини бехатарӣ ва фаъолияти қисматҳои сохтории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • риояи қатъии тартиботи хидматӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ.
  • корҳо оид ба ошкорсозӣ ва пешгирии роҳҳои имконпазири ихроҷи маълумотҳо, ки сирри махфӣ ва хидматӣ доранд, ташкил менамояд.
  • оид ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳо ба манфиати таъмини бехатарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъаҳои номатлуби зиддикоррупсионие, ки байни ҳайати устодон ва донишҷӯёни Академия ба амал меояд, назорат мебарад. Дар ҳолатҳои зарурӣ равобити кориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин бо ташкилотҳо ва муассисаҳо вобаста ба дастории маълумотҳое, ки ба соҳаи бехатарӣ таалуқ доранд, ба роҳ мемонад.