|
Ҳоҷизода Шоҳрухони Юсуфҷон
Директори парки технологӣ
Тел: (+992) 900-01-34-60
E-mail: Shokhrukhoni@inbox.ru
Дар заминаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Парки технологӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Парки технологӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.05.2019 таъсис дода шуд.
Муассиси Парки технологӣ Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти Парки технологиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Оиннома, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, танзим менамоянд.
Тибқи Оинномаи Парки технологии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои маркази забономӯзӣ, фаъолияти матбаа (чопи ҳамагуна маводҳои полиграфӣ), сехи дузандагӣ, гармхона, сартарошхонаи мардонаву занона ва меҳмонхона мебошад.
Мақсадҳои асосии Парки технологӣ:
- амалӣ намудани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи технологияи муосир;
- мусоидат намудан ба пешрафти технологияи муосир ва омӯзишӣ;
- татбиқи стандартҳои байналмилалӣ оид ба омӯзиш, илм ва технология;
- мусоидат дар бунёди усулҳои навин ва муосири технологияи истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- беҳтар кардани вазъи иҷтимоии донишҷӯён ва кормандон (ташкил кардани чойхона, ошхона, меҳмонхона, сартарошхона, мағозаи маҳсулоти хӯрока, дӯконҳои китобфурӯшӣ, нусхабардорӣ, табобатӣ, дӯзандагӣ, курсҳои омӯзишӣ ва ғайра);
- паст кардан ва ба имкониятҳои кормандон ва донишҷӯён мувофиқ кардани арзиш ва нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда;
- дар сатҳи зарурӣ ва бо сифати баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба мизоҷон;
- кафолати бехатарии истеъмолии мизоҷон дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ;
- таъмин кардани кормандон ва донишҷӯён бо маводи ғизоии нисбат ба дигар нуқтаҳои савдо арзон;
- ба кормандон ва донишҷӯён бо нархи нисбатан арзон дастрас намудани китоб, дафтар, қалам ва дигар лавозимоти таълимӣ.
Вазифаҳои асосии Парки технологӣ:
- мусоидат намудан ба раванди воридоти технологияҳои муосир ва пайдо намудани усулҳои навгонии иқтисодӣ;
- мусоидат намудан дар татбиқи таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар истеҳсолот;
- мусоидат намудан дар таъмини дастрасӣ ба навгониҳои муосир дар раванди омӯзиш ва тарбия;
- баланд бардоштани сатҳи саводнокии донишҷӯён ва ҳайати кормандон дар соҳаи технологияи муосир.
Барномаи дурнамои Парки технологӣ:
- равона намудани неруи илмии устодон, ходимони илмӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни истеҳсоли маводи ба талаботи муосир мувофиқбуда;
- ҷалб намудани коршиносони (экспертҳои) мустақил, олимон-тадқиқгарон, ходимони ҷамъиятӣ бо мақсади андешидани тадбирҳо оид ба омӯзиш ва истифодаи технологияҳои пешқадам;
- таъсис додани марказҳои дастгирии назариявии соҳибкорӣ (бизнес-инкубатор) барои донишҷӯён ва ҳайати кормандон;
- ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳнӣ баҳри таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи муосир дар истеҳсолу омӯзиш;
- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир;
- доир намудани конференсия, конгрессҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва иштирок дар онҳо;
- ба сафарҳои хизматӣ фиристодани мутахассисон ва кормандони Парки технологӣ барои таҳсил намудан ва мубодилаи таҷриба дар соҳаҳои истеҳсолӣ, технологияи муосир ва омӯзиш;
- гузаронидани амалиёти сохтмонӣ, хариду фурӯш, илмӣ-таҳқиқотӣ барои васеъ намудани мақсадҳои хос;
- таъсис додани хадамоти навбатӣ (сервисное обслуживание), хадамоти пас аз фурӯш (постсервисное обслуживание) ва марказҳои гузаронидани онҳо бо хусусияти фурӯши маҳсулоти Парки технологӣ;
- ҷалб намудани донишҷӯёну унвонҷӯён ва профессорону омӯзгорон барои ҳамгироии илму истеҳсолот, реклама, корҳои чопӣ ва маркетинг;
- ба роҳ мондани муносибатҳои шартномавӣ бо дигар шахсони ҳуқуқӣ, давлатӣ ва ғайра, инчунин анҷом додани дигар амалҳое, ки ба мақсадҳои Оинномавии фаъолият, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои асосии Парки технологӣ мусоидат мекунанд.
Суроғаи ҳуқуқии мақоми роҳбарикунандаи доимоамалкунандаи Парки технологӣ: 734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Саид Носир 33.