Дар доираи чорабинии Ассамблеяи халқҳои ҷаҳон, ки он рӯзҳои 20-22 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Алимов барои фаъолияти густурда дар самти ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони стратегӣ дар вазъияти тантанавӣ ба ҷоизаи олӣ, таҳти унвони «Барои хизмат ба инсоният» сарфароз гардонида шуд.


