Таҳти чунин унвон санаи 04 июни соли 2026 бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии муҳити геополитикии Осиёи Марказӣ: имкониятҳои ҳамгироӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ» баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур баррасии масъалаҳои мубрами геополитикии минтақаи Осиёи Марказӣ, таҳлили равандҳои муосири ҳамгироии минтақавӣ, арзёбии нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, инчунин муайян намудани имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар шароити тағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар қисми ифтитоҳии семинар муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Даврон Ҷурахон суханронӣ намуда, аҳаммияти омӯзиши равандҳои геополитикии муосир ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро таъкид карданд.
Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии мутавозин, сулҳҷӯёна ва созандаро амалӣ намуда, барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста иқдом менамояд.
Ҳамзамон дар кори семинари илмӣ аз тарафи омӯзгорони Академия, аз ҷумла, Шарипов Амриддин Нуридинович дар мавзуи «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳамгироии минтақавӣ: нақш дар таъмини амният ва рушди ҳамкории Осиёи Марказӣ», Наимӣ Исмоил Нурулло дар мавзуи «Осиёи Марказӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ: таърих, ҳолат ва дурнамо», Насридинзода Меъроҷиддин Насридин дар мавзуи «Манфиатҳои геополитикию геоиқтисодии Федератсияи Россия дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ва Рустамзода Ҷумабек Юнус маърӯзаҳо пешниҳод қарда шуд.
Дар рафти семинар масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунии муҳити геополитикии Осиёи Марказӣ, нақши давлатҳои минтақа дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ, таҳкими ҳамгироии минтақавӣ, таъмини амнияти дастаҷамъӣ, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Семинари илмӣ-назариявӣ дар фазои мубодилаи озоди афкор баргузор гардида, дар анҷоми он иштирокчиён доир ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи назар намуда, пешниҳодҳои судмандро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва тақвияти нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амният ва суботи Осиёи Марказӣ иброз доштанд.


