12 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси навбатии байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ – меҳвари Созмони ҳамкории Шанхай: фазои сулҳ ва рушди муштарак» баргузор шуд, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташкил гардид.
Конфронси мазкур дар радифи татбиқи муқаррароти дахлдор, ки аҳамияти сиёсии он бори аввал дар Эъломияи Душанбе оид ба бистсолагии сарони давлатҳои узви СҲШ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе инъикос шудааст, баргузор карда мешавад. Конфронси соли ҷорӣ ба 25-солагии таъсисёбии Созмон бахшида шудааст.
Дар кори он муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ, роҳбарони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои минтақавӣ, инчунин сафирони давлатҳои узв ва кишварҳои шарики СҲШ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, иштирок намуданд.
Конфронсро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳусни ифтитоҳ баъхшида, дар суханронии худ аҳамияти Осиёи Марказиро ҳамчун фазои муҳими ҳамкорӣ дар доираи СҲШ таъкид кард ва зарурати таҳкими пайгиронаи ҳамкориро ба хотири таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор зикр намуд.
Дар маросими ифтитоҳи конфронс ҳамчунин паёмҳои видеоии Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбаев ва Муовини якуми Дабири кулли СММ Амина Ҷейн Муҳаммад ба иштирокунандагони конфронс пешниҳо гардиданд.
Дар доираи нишасти пленарӣ миёни роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои узви СҲШ, аз ҷумла Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Узбекистон табодули афкор сурат гирифт. Дар суханрониҳои онҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи эътимоди мутақобила, густариши ҳамкории бисёрҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун матраҳ гардиданд.
Ба суханрониҳои роҳбарони сохторҳои СММ ва созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО), Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ, ИДМ, СААД, СҲИ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), ЮНЕСКО низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Онҳо нақши СҲШ-ро ҳамчун платформаи муҳими муколама ва ҳамоҳангсозии талошҳо оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид намуданд.
Баргузории конфронс пайравии давлатҳои аъзои СҲШ-ро аз таҳкими муколамаи созанда, рушди шарикӣ ва густариши ҳамкорӣ дар заминаи усуслҳои эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ ва ба эътибор гирифтани манфиатҳои якдигар бори дигар тасдиқ намуд.


