Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ДАЪВАТ БА ОЗМУН №1 аз 27.08.2026.

ДАЪВАТ БА ОЗМУН №1 аз 27.08.2026.
Муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои хариди захираҳои моддию молӣ, молҳои техникӣ, шиору овезаҳои сиёсӣ ва соҳавӣ дар бинои Академия, шинонидани гулҳои мавсимӣ дар саҳни бинои Академия, инчунин корҳои таъмири ҷории биною иншоотҳо ва дигар молҳои зарурӣ пешбинӣ гардидааст. 
Ҷиҳати иштирок дар озмуни довталабонро даъват менамояд.
Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (https://apa.tj), кўчаи Саид Носир - 33, почтаи электронии infoj@apa.tj ва бо рақами телефонии 228-90-71  дастрас намоянд.
Шартҳои техникӣ ва шаклҳо барои пешниҳод намудани номгўй, таснифоти молу мавод ва хизматрасониҳо замима мегардад.
Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:            
1.    Шаҳодатнома;
2.    Иқтибос;
3.    Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
4.    Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
5.    Маълумотномаи нозироти андози макони қайд, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.
           Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 07 сентябри соли 2026 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Саид Носир - 33 пешниҳод карда шаванд.
       Озмун санаи 08 сентябри соли 2026 аз соати 9:00 дар толори Муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор мегардад.