21 сентябри соли 2026 дар шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи технологии Ланҷоу бо ҳайати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байнидонишгоҳиро мавриди баррасӣ қарор дода, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Санади мазкур барои рушди ҳамкориҳо дар самтҳои таҳсилот, таҳқиқоти илмӣ, табодули академӣ ва робитаҳои байналмилалӣ замина фароҳам меорад. Аз ҷумла, табодули омӯзгорону донишҷӯён, ташкили барномаҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ, таҳқиқоти муштарак доир ба Осиёи Марказӣ ва иқтисоди минтақавӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои илмӣ пешбинӣ шудааст.
Инчунин, дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои ташкили барномаҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва маъмурии Тоҷикистон ва роҳандозии барномаи муштараки таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо назардошти 35-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чин дар соли 2027, аз ҷониби Академия пешниҳод гардид, ки лоиҳаи муштараки илмӣ роҳандозӣ карда шавад. Яке аз натиҷаҳои он метавонад таҳия ва нашри маҷмуаи муштараки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо иштироки олимони ҳар ду муассиса бошад.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки имзои Ёддошти тафоҳум бояд ба татбиқи ташаббусҳои мушаххаси таълимӣ ва илмӣ мусоидат намуда, барои рушди минбаъдаи робитаҳои Академия ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу заминаи устувор фароҳам оварад.


