Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

НАМОЯНДАГОНИ АКАДЕМИЯ ДАР АНҶУМАНИ ДУЮМИ ҶАҲОНИИ ҶАМЪИЯТӢ ИШТИРОК НАМУДАНД

Рӯзҳои 18–19 сентябри соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Анҷумани дуюми ҷаҳонии ҷамъиятӣ таҳти унвони «Ҷаҳони нав: арзишҳое, ки муттаҳид месозанд» баргузор гардид. Ҳамоиш дар Маркази тиҷорати ҷаҳонии Москва доир гардида, намояндагони 154 кишвари ҷаҳонро ба ҳам овард. Дар кори анҷуман Алимов Рашид Қутбиддинович - доктори илмҳои сиёсӣ, узви Шӯрои олии машваратии Ассамблеяи халқҳои ҷаҳон, профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Зулфия Кабир - ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа ва Бобозода Афзалшоҳи Олимҷон - декани факултети идоракунии давлатӣ иштирок намуданд.

Дар доираи анҷуман масъалаҳои муҳими таҳкими эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо, рушди дипломатияи мардумӣ, густариши муколамаи байналмилалӣ, тавсеаи робитаҳои илмию гуманитарӣ ва тақвияти ҳамкориҳои созанда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни ҳамоиш Рашид Алимов дар ҷаласаи сатҳи баланд таҳти унвони «Эътимод ҳамчун асоси ҳамкории нави байналмилалӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни ҷаласа масъалаҳои таҳкими эътимод дар муносибатҳои байналмилалӣ, нақши дипломатияи мардумӣ ва густариши робитаҳои мустақим миёни ҷомеаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва доираҳои илмӣ баррасӣ гардиданд.

Иштироки намояндагони Академия дар ин ҳамоиши байналмилалӣ барои тавсеаи робитаҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва муаррифии имкониятҳои илмию таълимии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.