Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

БОЗДИДИ ҲАЙАТИ АКАДЕМИЯ АЗ СОХТОРҲОИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ЛАНҶОУ

21 сентябри соли 2026 дар доираи барномаи сафари кории ҳайати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳайати Академия таҳти роҳбарии ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон аз як қатор сохторҳои илмию таълимии Донишгоҳи технологии Ланҷоу боздид намуд.

Зимни боздид ҳайати Академия бо таърихи таъсис ва марҳилаҳои рушди донишгоҳ, дастовардҳои илмию таълимӣ, зерсохтори муосир ва таҷрибаи он дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос аз наздик шинос гардид.

Дар идомаи барномаи сафар ҳайати Академия аз Осорхонаи таърихи донишгоҳ, Донишкадаи инноватсия ва соҳибкорӣ (Донишкадаи «Хунлю»), биноҳои таълимии Донишкадаи адабиёт, Маркази MBA-и Донишкадаи иқтисод ва идоракунӣ, инчунин Пойгоҳи маҷмӯии моделсозии амалияи ҳуқуқии Донишкадаи ҳуқуқ боздид намуд.

Ба ҳайати Академия доир ба самтҳои асосии фаъолияти сохторҳои мазкур, тарзи ташкили раванди таълим, истифодаи усулу технологияҳои муосири омӯзиш, пайванди илм бо амалия ва имкониятҳои донишгоҳ дар самти омодасозии мутахассисони баландихтисос маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни боздид масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои илмию таълимӣ, тақвияти табодули академӣ, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ, анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак ва густариши робитаҳои мустақими омӯзгорону муҳаққиқон мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба истифодаи самараноки имконияту зарфиятҳои илмӣ ва таълимии ҳар ду муассиса, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, мубодилаи дониш ва таҷриба, инчунин татбиқи иқдомҳои муштарак дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки таҳкими робитаҳои мустақими байнидонишгоҳӣ, тавсеаи табодули таҷрибаи илмию таълимӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди минбаъдаи ҳамкории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу заминаи мусоид фароҳам оварда, ба густариши муносибатҳои ду муассиса мусоидат хоҳад кард.

Дар анҷоми боздид ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда, таҳкими робитаҳои корӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди илмию таълимӣ изҳор намуданд.