ВОХӮРИИ ДОНИШҶӮЁНУ МАГИСТРАНТОНИ АКАДЕМИЯ БО ПРОФЕССОР РАШИД ОЛИМОВ

2 (2)

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тибқи нақшаи кории Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои СҲШ ва маҳфили донишҷӯии “Фиристодагон.Tj” вохӯрии навбатии донишҷӯён бо дипломатону сиёсатмадорон баргузор гардид.

 

Дар семинари мазкур Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Алимов Рашид Қутбудинович иштирок доштанд.

 

Ҳамчунин, дар чорабинӣ Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, муовинони ректор, устодону кормандон, муҳаққиқони ҷавон, донишҷӯёну магистрантон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Меҳмони навбатии вохӯрии мазкур Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Алимов Рашид Қутбудинович буд, ки бо ҳузури хеш ба маҳфил шаҳомати хоса бахшид.

 

Чорабиниро Ректори Академия оғоз намуда, ҳузури меҳмонро ба муассиса хайрамақдам гуфта, муҳимияти чунин вохӯриҳоро барои насли ояндаи сиёсатмадорону дипломатони тоҷик зарур шуморид.

 

Сипас, навбати сухан ба профессор Рашид Алимов дода шуд, ки номбурда дар мавзӯи “Дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии муосир” лексияи озодро баҳри шунавандагон бо маълумотҳои саҳеҳ расониданд. Дар рафти маъруза устод Рашид Алимов доир ба муносибатҳои байналмилалии имрӯзаи ҷаҳонӣ диққати махсус зоҳир намуда, нақши созмонҳои байналмилалӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои бартарафсозии проблемаҳои глобалӣ, аз қабили масоили амнияти минтақа ва ҷаҳон, терроризму экстремизм, мубодилаи ғайриқонуни маводи мухаддир, проблемаи глобалии гармшавии иқлими сайёра ва норасоии оби ошомиданӣ муайян намуданд. Диққати махсус ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дода шуд.

 

Ҳамзамон, профессор Рашид Алимов дар рафти семинар доир ба мафҳуми дипломат ва дипломатияи амалӣ аҳамияти хоса дода, оид ба роҳҳои пешбурди музокирот, гуфтушунид байни давлатҳо, равобити иқтисодии байналмилалӣ, сифатҳои шахсии дипломат, фарҳанги дипломатӣ, этика ва эстетикаи касбӣ ва профессионализми соҳавӣ маълумотҳои заруриро баҳри ҳозирин пешниҳод намуд.

 

Таъкид шуд, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи баланд пайдо намуда, аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалию минтақавии дунё гардид. Тоҷикистон имрӯз бо 176 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст, ки ин ҳама барои мо ифтихори баланд аст.

 

Пас аз маърузаи профессор Рашид Алимов иштирокчиён доир ба ҳаёт ва фаъолияти шахсӣ, сиёсати ҷаҳонии имрӯза, проблемаҳои глобалӣ, масоили сарҳадӣ, дигар самтҳои дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ пурсон шуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Дар фарҷоми маҳфил аз ҷониби роҳбари маҳфили донишҷӯии “Фиристодагон.Tj” Бобозода Фаридун ба устод Рашид Алимов китобҳо аз маҳсули эҷоди устодони Академия тақдим гардид.

 

Бояд гуфт, ки фаъолияти маҳфилҳои илмии академия ҷавҳари асосӣ баҳри пешбурди сатҳи дониши донишҷӯён дар соҳаҳои хизмати давлатӣ ва касби дипломатӣ ба ҳисоб рафта, саҳми арзандаи хешро барои табодули афкор доир ба мавзӯъҳои мубрам ва гуногуни соҳавӣ гузошта истодааст.

Похожие записи