“НАҚШИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ”

1 (6)

Таҳти ин унвон 15 ноябри соли 2021 бо ташаббуси кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзии факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, инчунин ҷиҳати иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба эълон намудани “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” (аз 15 то 20 ноябри соли равон) конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид.

 

Дар конференсия доираи васеи олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

 

Конференсияро бо суханони ифтитоҳӣ сардори раёсати илм ва инноватсияи Академия номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишо Карамалишоев оғоз бахшида, зикр кард, ки рушди илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз самтҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар буда, таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Аз ҷумла, зимни ироаи паёмҳо ба Мақоми Олии қонунгузор Сарвари давлат ба ин масъала диққати хосса медиҳанд. Бесабаб нест, ки қисмати Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат” (26.01.2021) ба Маҷлиси Олии кишвар низ мушкилоти илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиро дар бар гирифтааст.

 

Як гурӯҳ олимон, аз ҷумла Рашид Раҳимов – профессори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар иқтисодиёт”, Абубакр Кабиров – дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодиёти Тоҷикистон дар мавзӯи “Тадбиқи прогрессияҳои арифметикӣ ва геометрӣ дар иқтисодиёт”, Маҳмадшоҳ Досиев – дотсент, мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ташкили фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши муҳити зист ва нақши он дар рушди фанҳои табиатшиносӣ”, Ниёз Хоҷақулов – муаллими калони кафедраи идоракунии давлатӣ ва иқтисоди миллии АИДНПҶТ дар мавзӯи “Баъзе маъалаҳои математикии рушдёбии илми иқтисоди муассир” ва Муродалӣ Мирзораҳимов – мудири кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзии Академия, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ҷиҳати омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ” маърузаҳои пурмуҳтаво ироа карданд.

 

Дар рафти конференсия донишҷӯёну магистрантон ба олимони соҳа бо суолҳои мушаххас муроҷиат намуда, посухҳои дақиқ гирифтанд.

 

Конференсия дар бахшҳо низ давом ёфта, беш аз 40 мақолаҳои илмӣ-методии пешниҳодшуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Дар охир, намояндаи раёсати илм ва инноватсия баромад карда, вобаста ба баргузории конференсия ибрози ақида карда, ба ташкилкунандагони он изҳори сипос намуд.

Аксҳо

Похожие записи