ОЯНДАРО ИМРУЗ БОЯД СОХТ

IMG_1156

Ҷавонон дар ҳама давру замон чун неруи бузург дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанду доранд. Неруи бузурги онҳо бояд ба самти созандагию бунёдкорӣ ва ифтихорофаринӣ равона гардад. Бешак, ҳар миллатеро, ки ҷавононаш соҳибилм, соҳибҳунару соҳибэҳтиром ва дар маркази дастгириҳо қарор дошта бошанд, ояндаи неку пурсамар милату давлатро интизор аст. Ба қавли дигар, ҷавонон ниҳоле мебошанд, ки нигоҳубин ва парвариши неки онҳо оянда дарахти пурборро ба мо эҳдо месозад.

 

Бо дарназардошти маҳз ҳамин нуктаи муҳим Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дастгирии сиëсати давлатии ҷавононро амри ногузир донист. Дар давраҳои ааввали соҳибистиқлорл шудани кишвар қабул аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиëсати давлатии ҷавонон” далели он аст, ки давлату Ҳукумати мо аз рӯзҳои аввал ҷавононро чун муҳарриқ ва неруи пешбарандаи давлату миллат эътироф намудааст. 13 марти соли 1992, баъди қабули ин қонуни ҳаётан муҳим заминаи мустаҳкам дар масири дастгирии ҷавонон гузошта шуд ва сол аз сол ташаббусҳои дигарро мо шоҳид гардидем, ки ҳамагӣ дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, ба таҳсил ва дигар шуғулҳо фаро гирифтани онҳо мусоидат намуданд.

 

Кишвари мо дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз зумраи аввалин давлатҳое гардид, ки дар таҳкими сиëсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунëд сиëсати давлатии ҷавонон ва ташккули онро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолияти худ қарор дод. Бо истифода аз неруи бузурги ҷавонон дар тамоми самтҳои давлатдорӣ онҳо ба корҳои созандагӣ ва вазифаҳои калидӣ ҷалб гардиданд.

 

Аз нуқтаҳои муҳим, ки боиси ифтихори тамоми ҷавонони кишвар он аст, ин пайваста ёд шудани неруи бузурги онҳо дар паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад. Сарвари давлат зимни ироаи ҳар Паёми хеш ба масъалаи ҷавонон диққати махсус дода, барои боз дастгирӣ ёфтани онҳо дастуру супоришҳо медиҳанд ва аз заҳмату меҳнати онҳо бо самимият ёдоварӣ месозанд. Аз ҷумла дар соли ҷорӣ мо шоҳид гардидем, ки Президенти кишвар зимни ироаи Паёми худ аз ҷавонони кишвар бо ифтихор ёд кардаанд: “Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем,”-иброз доштанд Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ.

 

Самараи ҳамин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбари давлат аст, ки ҳамасола дар самти сиёсати давлатии ҷавонон корҳои назаррас анҷом мепазиранд. Дар ин баробар, кӯшиш ва талоши ҷавонон низ истисно намебошад. Онҳо бо истифода аз дасгириҳои мавҷуда дар самти худташаккулдиҳӣ талош варзида, мекӯшанд, барои ободони ва муаррифии Ватан босавод ва аз илми муосир бохабару баҳравар шаванд. Чуноне дар Паём гуфта шуд: “Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд… Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Тайи солҳои 2011–2020-ум дар кишвар қариб 3000 иншооти варзиш сохта шудааст. Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30–солагии истиқлоли давлатӣ сохташуда 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳад, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад”.

 

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Пешвои миллат баҳри фароҳам овардани беҳтарин шароиту имконият ба ҷавонон дар самти кору таҳсил доиман дастуру супоришҳои қатъӣ дода, аз ташаббусу ибтикороти онҳо ҳамеша истиқбол менамоянд. Чуноне Роҳбари давлат дар Паёмашон қайд карданд: “Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд. Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд”.

 

Вақте Роҳбари давлат ба ҷавонон чун такягоҳ, умеди оянда ва ифтихори давлату миллат нидо мекунанд, масъулияти онҳо низ дучанд мегардад. Ҷаҳони муосир ва ҳаводиси ҳамарӯза онҳоро водор менамояд, ки бо илму донишандӯзӣ, маърифату ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дигар зарфиятҳои зеҳнию ҷисмонии худ бештар машғул шавад. Ҷавонон бояд дарк намяонд, ки тамоми иршоду таваҷҷуҳи Сарвари давлат низ баҳри омӯзиш ва ояндаи неки онҳост.

 

Ҷавононро зарур аст, ки дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз ҳуввияти миллии хеш устувор бошанд. Чуноне давлату Ҳукумат ба ҷавонон такя карда, онҳоро ояндаи халқу пойдории миллат меноманд, онҳо низ бояд баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва рушду нумуи он ҳамеша ҳушёру омода бошанд.

 

Алишер ИСЛОМИДИНЗОДА,

сардори шуъбаи магистратура –

тайёркунии касбии хизматчиёни давлатии Академия

Похожие записи