ТАҲКИМИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ — САРЧАШМАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ

IMG_1179

Истиқлоли давлатӣ, ки дар симои  соҳибихтиёрии  давлатӣ  ва соҳибихтиёрии халқӣ  зоҳир мегардад, идомаи инъикоси  симои  рӯҳи озоди ҳар инсон  ва иродаи  тафаккур ва ҳастии ӯ мебошад. Чуноне, ки  инсон бо доштани ирода ва  ҳастӣ озодии худро  исбот менамояд, халқу миллатҳо  низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки  эътироф  ва озодии худро  дар доштани соҳибихтиёрӣ  ва истиқлоли давлатӣ  дида бошанд.

 

Ҳамаи норасоию мушкилиҳо, ноҳамвории ҳаёти  иҷтимоӣ ва дигар нобасомониҳои ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар пеши  маҳрумӣ аз истиқлоли давлатӣ ҳеҷ аст. Пас моро месазад, ки дар масири Истиқлоли давлатӣ ҷиддӣ ҳаракат карда пеш аз ҳама дар ҳалли мушкилоти фикрӣ, зеҳнӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсӣ аз фазои рӯҳафзои Истиқлоли ватани азизамон  васеъ истифода бубарем.

Истиқлоли миллӣ  ин неъмати бебаҳои ҳар як миллат буда дар ҳама ҳолат дар рушди падидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ нақши асосиро мебозад. Бидуни истиқлол  ва озодӣ  мавҷудияти ҳар ҳодисаи иҷтимоӣ  ва сиёсӣ  ҳамчун зуҳуроти  мушаххас номумкин аст.

Ҳифзи истиқлоли миллӣ — ин ҳифзи забони миллӣ, расму ойин, асолату ҳуввият ва садоқату вафодорӣ  ба арзишҳои фарҳангӣ  ва риояи  одобу ахлоқи миллӣ мебошад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлол ҳамеша вуҷуд доштанд: асолат ва ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузург ва созандаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва маданияти дурахшон, ки ҳамаи онҳо дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии мо будаанд».

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сохтори идории худро соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демократию дунявӣ эълон намуда, роҳҳои расидан ба ҳадафҳои стратегиро пеш гирифт ва татбиқу амалӣ намудани ин ҳадафҳои бузург давра ба давра амалӣ карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки мафҳуми истиқлолу озодиро, қабл аз ҳама,  аҳли зиё ва фарҳанг бештар дарк менамоянд, зеро ки маҳз ин қишри ҷомеа  нисбат ба ҳар падидаю зуҳурот бештар ҳассосият нишон дода, алайҳи нодонию ҷаҳолат садо баланд менамоянд ва барои  тағйир додани зеҳну тафаккури ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Чунки вазъияти имрӯзаи ҷаҳон тақозо менамояд, то сатҳи хатарҳои глобалӣ – фундаментализм, экстремизм, радикализми динӣ ва терроризм, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, коҳиш ёбад ва тафаккури хурофотпарастӣ решакан карда шавад.

Ҳар як шаҳрванди бо нангу номус ва махсусан насли ҷавонро месазад, ки аз таърихи гузаштаи ин миллати кӯҳанбунёд огаҳӣ дошта, барои худ аз таҷрибаи бузурги ниёгон сабақи зиндагӣ омӯзанд.

Ҳамзамон дониста бошанд, ки ташаккули тафаккури миллии тоҷикон таърихи тӯлонӣ дорад. Он дар зери таъсири омилҳои гуногун қарор дошт, ки гоҳе барои инкишофи ҳамвори он мусоидат мекарданду гоҳе онро халалдор месохтанд. Аммо абармардони бо нангу номусе пайдо шуданд, ки онҳо тавонистанд дар роҳи ба вуҷуд овардан ва инкишоф додани тафаккури миллӣ ва худшиносии миллати тоҷик хизматҳои барҷаста намоянд.

Аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ ва як зумра зиёиёни солҳои бистуми асри гузашта тавонистанд тавассути таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик”, мақолаҳои илмӣ ва асарҳои барҷастаи худ бар алайҳи пантуркистон як қисми тоҷикони дар ҳудуди Тоҷикистон бударо аз фанои миллӣ наҷот диҳанд ва соҳиби давлатдории худ гардонанд, ки ин то дараҷае аз натиҷаи рушди тафаккури миллии рӯшанфикрони онвақтаи тоҷик шаҳодат медиҳад. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд:“Корнамоии таърихии устод Айнӣ — “Намунаи адабиёти тоҷик” дар замони худ, воқеан, нақши шиносномаи  ҳақиқии  халқи тоҷикро бозид, беасосии даъвоҳои бадхоҳони миллати тоҷикро фош намуда, ҳуқуқи таърихии  халқи моро  ба адабиёти ғаниву оламшумул исбот кард”.

Дар вазъияти пуртаззоди ҷаҳони имрӯза масъалаи ташаккули тафаккури миллӣ аҳамияти калон дорад. Тафаккури миллӣ метавонад пояи муттаҳидсозандае бошад, ки  манфиатҳои рушди  кишварро дар роҳи таъмини истиқлоли миллию давлатӣ дуруст инъикос намояд, вазифаи солимгардонии фазои иҷтимоию сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва ваҳдати миллиро иҷро намояд.

Дар баробари мафҳуми тафаккури миллӣ, мафҳумҳои мустақили  ба ҳам монанд, ба мисли “худшиносии миллӣ”, “ваҳдати миллӣ” ва “шуури миллӣ” низ мавҷуданд, ки бо ҳам алоқамандии зич дошта дар равобити ҳамдигарӣ вуҷуд доранд.

Худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст, аммо имрӯзҳо  бо дигар гаштани  вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ин арзиши миллӣ низ иваз шудааст. Вобаста ба ин масъала Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ “Фарҳанг —  ҳастии миллат аст” чунин қайд намудаанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».

Ваҳдати миллӣ  бошад падидаи мураккаби иҷтимоиест, ки  миллатро муттаҳид сохта онро ҳамчун низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул медиҳад.

Мафҳуми “шуури миллӣ” нисбат ба мафҳуми “тафаккури миллӣ” васеътар буда, ба ғайр аз равандҳои маърифатию ақлонӣ, инчунин  рафтор, муносибат ва фаъолияти одамонро низ  дар бар мегирад.

Пас  месазад, ки ҳар фарди ҷомеа пеш аз ҳама ба қадри  Истиқлол, яъне ин неъмати муқаддасу бебаҳо расида бошад ва онро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намояд.

Таҷрибаи таърихӣ собит кардааст, ки омили асосии рушди худшиносӣ ва тафаккури миллӣ давлати соҳибистиқлоли миллӣ буда,  ҳамзамон давлати миллӣ ва тафаккури миллӣ дар ҳолати ҳамбастагӣ доштан метавонанд боиси устуворшавии якдигар гашта сарчашмаи тарбияи ватандӯстиро эҳё намояд.

САЙДАҲМАДЗОДА Д,.

директори маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”

Похожие записи