ХОНИШИ СИЁСӢ БО ИШТИРОКИ БОНУВОНИ АКАДЕМИЯ

IMG_2202

Дар доираи нақша-чорабиниҳои бахши кор бо занон ва духтарони раёсати корҳои тарбиявии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бонувон дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа” хониши сиёсӣ доир карда шуд.

 

Дар хониши сиёсии мазкур муовини сардори раёсати корҳои тарбиявии Академия Амирбекзода Назира вобаста ба дастгирии занону бонувон аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки ба беҳбудии вазъи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.

Дар рафти баргузории хониши сиёсӣ ба қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кишвар вобаста ба самти дастгирии занону бонувон ишора гардида, таъкид карда шуд, ки санадҳои қабулгардида баҳри иштироки васеи занон дар раванди идоракунии давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Дар фарҷом аҳли нишаст баргузории хониши сиёсӣ дар байни бонувонро мусбат арзёбӣ намуда, ҷиҳати баргузории силсилаи чунин чорабиниҳо ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

 

Похожие записи