Шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ воҳиди махсуси Академия ба шумор рафта, хизматчиёни давлатиро аз мақомоти марказӣ, маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати таҳсил дар зинаи магистратура баҳри таъмин ва баландбардоштани сатҳи донишу малакаи идоракунӣ ба муддати як сол фаро мегирад. Фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва илмию методӣ дар шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи шуъбаи магистратура, нақшаи кории шуъба ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Шуъбаи мазкур соли 2009 ҳамчун шуъбаи магистратура дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020, таҳти №1463 Донишкада ба муассисаи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва шуъбаи магистратура ба шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ табдил дода шуд. Дар шуъбаи мазкур шуруъ аз соли 2009 дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федералии Олмон хизматчиёни давлатиро ба муҳлати як сол ба таҳсил дар зинаи магистратура фаро гирифта, ба онҳо аз рӯи ихтисоси "1-260101-идораи давлатӣ" мувофиқан касбҳои иқтисодчӣ - менеҷер дода мешавад. Ҳамзамон, аз 12 апрели соли 2021. №21 /10 -5 бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи як солаи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” таъсис дода шуд, аз рўйи 4 ихтисос иҷозатнома дода шуда Дар солҳои таҳсили 2024 магистрантон аз рўйи ду ихтисоси он 51 (зан -23) қабул ва ба таълим фаро гирифта шуда истодаанд, ки ба онҳо аз рӯи ихтисосҳои "1-260101-идораи давлатӣ" ва "1-23010101-сиёсати берунӣ ва дипломатия" мувофиқан касбҳои иқтисодчӣ – менеҷер ва дипломат дода мешавад. Дар шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ айни замон 3 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Аз ҷумла 1 нафар сардори шуъба, 1 нафар муовини сардори шуъба 1 нафар мутахассиси пешбар, фаъолият менамоянд. |
Ғоибзода Меҳрангез Амонулло
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Сардори шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ
тел: +992 203 27-35-35
E-mail: goibzoda1988@mail.ru