Шуъбаи татбиқи лоиҳаҳо

Исматуллои Шерхон

Сардори шуъбаи татабиқи ҷалби грантҳо

ШУЪБАИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО

Шуъбаи татбиқи лоиҳаҳо бо ҳадафи таҳия ва татбиқи барнома ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъсис дода шуда,  вазифаҳои асосии зеринро иҷро менамояд:

  1. банақшагирии иштироки воҳидҳои сохтории Академия дар таҳия ва амалисозии барномаҳои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳо
  2. иштирок дар озмунҳо ҷиҳати ба дастовардани грантҳои хориҷӣ;
  3. ташкили иштироки фаъоли ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён дар озмунҳо ва грантҳо доир ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ бо ҳадафи ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи он;
  4. роҳбарӣ намудани раванди барасмиятдарории ҳуҷҷатгузории дархостҳои озмунӣ баҳри иштироки Академия дар барномаҳо ва лоиҳаҳои илмӣ, таҳсилотӣ, эҷодӣ ва инноватсионӣ, инчунин ба даст овардани грантҳо;
  5. расонидани кӯмаки иттилоотӣ, машваратӣ ва методӣ ба кормандону донишҷӯён зимни таҳияи дархостҳои грантӣ баҳри иштирок дар озмунҳо ва грантҳо;
  6. ҳамоҳангсозии робитаҳои Академия бо фондҳои сармоягузорӣ ва дигар ташкилотҳо, ки маблағгузории таҳқиқот, омодасозии кадрҳо ва рушди фаъолиятро маблағгузорӣ менамоянд;
  7. мусоидат дар самти барасмиятдарории дархостҳо ва дастгирии методӣ ҷиҳати иштирок дар барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо;
  8. мониторинг ва коркарди иттилоот оид ба лоиҳаҳо ва грантҳо.