|
Кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ яке аз воҳидҳои таълимӣ ва илмии факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 2020 таъсис ёфтааст.
Кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ фаъолияти таълимии худро дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳо ва паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомнома ва Оинномаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор ба роҳ мондааст.
Бояд махсус ишора намуд, ки дар назди кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ се ихтисоси тахассусӣ, аз ҷумла ихтисоси 1-240101 – «Ҳуқуқи байналмилалӣ» барои донишҷӯёни зинаи бакалавр, ихтисоси 1-240101 – «Ҳуқуқи байналмилалӣ» барои магистрантон, 6D030201 – «Ҳуқуқи байналмилалӣ» барои доктори фалсафа (PhD) кушода шудааст.
Фаъолияти кафедра бидуни ҳамкориҳои мутақобилан судманди байналмилалӣ ва ҳамгироӣ ба фазои ҷаҳонии таълимию илмӣ тасаввурнопазир аст. Аз ин рӯ, рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, лоиҳаҳои таълимӣ ва илмӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки кафедра мебошад. Ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ дар соҳаҳои гуногун бо истифода аз шаклҳои мухталиф – аз мубодилаи донишҷӯён, устодон ва иштирок дар конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар то татбиқи барномаҳои муштараки ҳамаҷонибаи таълимӣ ва фаъолият дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалии илмӣ ва маърифатӣ амалӣ карда мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо ташаббуси кафедра ва раёсати Академия барномаи дуалӣ (1+1) аз рӯйи ихтисоси 1-240101 – «Ҳуқуқи байналмилалӣ» дар зинаи магистратура, бо Донишгоҳи миллии АвруОсиёгӣ ба номи Л.Н. Гумилёви Ҷумҳурии Қазоқистон ба роҳ монда шудааст, ки ҳамасола даҳҳо нафар ин барномаро хатм менамоянд. Ҳадаф аз барномаи мазкур омода намудани мутахассисони соҳаи ҳуқуқи байналмилалии мутобиқ ба талаботи рӯз маҳсуб меёбад.
Ҳайати омӯзгорон ва кормандони кафедра 16 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 8 нафар номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, 7 нафар ассистент ва 1 нафар мутахассис-коргузор мебошанд. Омӯзгорони кафедра фаъолияти ғании корӣ дошта, ба донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), машғулиятҳои таълимӣ ва илмӣ-амалӣ мегузаронанд.
Айни замон дар кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ фанҳои зерин омӯзонида мешаванд:
- Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ;
- Ҳуқуқи байналмилалӣ
- Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ
- Ҳуқуқи байналмилалии экологӣ
- Ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ
- Ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират
- Ҳуқуқи байналмилалии иқтисодӣ
- Ҳуқуқи байналмилалии молиявӣ
- Ҳуқуқи байналмилалии гумрук
- Ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ
- Ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ
- Ҳуқуқи дипломатӣ ва консулӣ
- Ҳуқуқи байналмилалӣ ва рушди давлатҳо
- Ҳуқуқи робитаҳои беруна
- Танзими байналмилалии ҳифзи муҳити зист
- Ҳуқуқи байналмилалӣ: муҳоҷират, гурезаҳо, паноҳгоҳ
- Механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи кӯдак
- Ҳуқуқи Аврупо
- Ҳуқуқи амнияти байналмилалӣ
- Ҳимояи байналмилалии ҳуқуқи инсон
- Созмонҳои минтақавии интегратсионӣ
Дар назди кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ ду маҳфил фаъолият менамояд. Яке маҳфили илмии донишҷӯён ва магистратон бо номи «Ворисони Куруши Кабир» ва дигаре маҳфили мубоҳисавии «International law debate club – APA RT» мебошад. Дар доираи маҳфилҳои ишорашуда донишҷӯёну магистрантон доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ ва илми ҳуқуқшиносӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ибрози назар намуда, баҳсу мунозираҳои илмӣ менамоянд.
Мавзуи илмӣ-тадқиқотии кафедра барои солҳои 2021-2025 – «Ҷанбаҳои ҳуқуқии байналмилалии таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.