Факултети идоракунии давлатӣ

 

       

 

Бобозода Афзалшоҳ Олимҷон

Декани факултети идоракунии давлатӣ

доктори илмҳои фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисоси бизнес-маъмурияти соҳибкорӣ

Тел:(+992) 938 -77-79 -07

E-mail: afzalshohbobozoda@mail.ru

 

 

 

 

МАЪЛУМОТНОМАИ ФАКУЛТЕТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

Факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ниҳоди асосӣ ва пешбар дар сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбии мазкур ба ҳисоб меравад. Факултети идоракунии давлатӣ соли 2013 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва илмию методӣ дар факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи факултети идоракунии давлатӣ», нақшаи кории факултет ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда шудааст.
Фаъолияти факулттети идоракунии давлатӣ ба ташкили сифати баланди омоданамоии мутахасисони сатҳи касбии бакалавр, дар доираи самтҳои идораи давлтӣ, идораи давлатӣ ва иқтисодиёт, идораи ҳайати кадрӣ, идораи мақомоти маҳаллӣ, ва менеҷменти молиявӣ инчунин аз худнамоии сатҳи касбии онҳо, ки стандартҳои байналмилалӣ дар алоқамандӣ бо талаботи муосири идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи иқтисодиёти он, муносибатҳои байналмилалӣ, дархостҳо ва манфиатҳои ҷомеи шаҳрвандӣ, фазои сиёсӣ – иқтисодӣ ва ташкилотҳои давлтӣ муқарар намудааст, асос меёбад. Бо ин мақсад факултет таҳсилоти олии фундаменталиро дар доираи фаъолияти хизмати давлатӣ, дар самтҳои идораи давлатӣ, идораи давлатӣ ва иқтисодиёт, идораи ҳайати кадрӣ, идораи мақомоти маҳаллӣ ва менеҷменти молиявӣ роҳандозӣ намуда, мутахасисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро омода менамояд.
Садорати факултет дорои 6 воҳиди корӣ мебошад.
1. Декани факултет - 1 нафар
2. Муовини декан оид ба таълим - 1 нафар
3. Муовини декан оид ба илм - 1 нафар
4. Муовини декан оид ба тарбия - 1 нафар
5. Методист - 2 нафар (0,5)
6. Коргузор - 1 нафар
Дар сохтори факултет 6 кафедра фаъолият дорад:
1. Кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисодӣ миллӣ.
2. Кафедраи идоракунии молияи давлатӣ;
3. Кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ;
4. Кафедраи менеҷмент;
5. Кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ;
6. Кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ.
Инчунин дар факултет 41 гурӯҳи академӣ дар шуъбаи рӯзона дар низоми таҳсилоти кредитӣ ба таълим ва тарбия фаро гирифта шуданд. Дар асоси супориши ректори Академия дар курсҳои 1, 2, 3, 4 таҳсил бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон дар факултет мутахассисон аз рўи ихтисосҳои зерин бо забонҳои таҷикӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст:
1. ихтисоси 1-260101 – идораи давлатӣ;(тоҷикӣ, русӣ, англисӣ)
2. ихтисоси 1-260103 – идораи давлатӣ ва иқтисодиёт (тоҷикӣ);
3. ихтисоси 1-26020212– идораи ҳайати кадрӣ;
4. ихтисоси 1-25010410– менеҷменти молиявӣ;
5. ихтисоси 1-26010101 – идораи мақомоти маҳаллӣ.
6. ихтисоси 1-25010300 – иқтисоди ҷаҳон;
7. ихтисоси 1-26010301 - танзими давлатии иқтисоди миллӣ.