Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАМОЯНДАГИИ СБМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 2 майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судманд ва тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегӣ дар бахши идоракунии муҳоҷират, маросими ботантанаи имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) баргузор гардид.

Санади ҳамкорӣ аз ҷониби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон ва Роҳбари Намояндагии СБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Виктор Лутенко ба таври расмӣ ба имзо расид.

Мувофиқи Созишнома, ҳамкориҳо дар самтҳои зерин роҳандозӣ хоҳанд шуд:

• татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣ;

• таҳияи курсҳо ва маводи методӣ дар мавзуи сиёсати муҳоҷират;

• баргузории чорабиниҳои илмӣ-амалӣ ва таҳқиқоти муштарак;

• мубодилаи таҷриба бо коршиносони байналмилалӣ;

• нашри дастурҳо ва таҳияи тавсияҳои сиёсӣ оид ба муҳоҷират.

Дар маросими ба имзо расонидани Созишнома ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон чунин изҳор доштанд: «Имзои ин созишнома қадами устуворе дар роҳи таҳкими иқтидори идоракунӣ ва рушди захираҳои инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он ба таҳкими заминаҳои илмӣ ва амалии сиёсати муҳоҷират саҳми назаррас хоҳад гузошт». Ҳамчунин, Виктор Лутенко низ андешаҳои худро чунин баён дошт: «СБМ ба рушди низоми муҳоҷирати бехатар ва инсондӯстона содиқ буда, мо итминон дорем, ки ҳамкорӣ бо Академия самтҳои навро барои татбиқи ҳадафҳои муштарак мекушояд».

Мавриди зикр аст, ки созишномаи мазкур ифодаи иродаи муштараки ду ҷониб дар самти рушди устувори иқтидори кадрӣ, такмили низоми сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ва пайванди илм бо амалия мебошад.

Ҳамин тавр, мулоқоти дуҷониба дар фазои самимӣ, бо руҳи баланди шарикӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ҳамкории байналмилалӣ ба анҷом расид.