Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ҲАМОИШИ ИЛМӢ–НАЗАРИЯВИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҲОМИИ СУЛҲ ВА ДӮСТӢ»

Ба ифтихори сарфароз гардидани Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой, бо ибтикори Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ва Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ–назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – ҳомии сулҳ ва дӯстӣ» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии ҳамоиш арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ, суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва минтақавӣ, инчунин таҳлили нақши беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди дипломатияи сулҳофар ва ҳамсоягии нек арзёбӣ гардид.

Дар ҳамоиш устодон, муҳаққиқон ва намояндагони сохторҳои илмии Академия иштирок намуда, вобаста ба қадрдонӣ гардидани Пешвои миллат бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой, инчунин қадршиносии роҳбарони давлатҳои ҳамсоя — Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, маърӯзаҳо ва баромадҳои илмӣ ироа намуданд.

Зикр гардид, ки Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой барои дастовардҳои бузург дар самти пешгирии ҷангҳо, таъмини амнияти умумӣ дар асоси волоияти ҳуқуқи башар, пешгирии мусаллаҳшавии бошиддат, таҳкими демилитаризатсия, рушди демократия ва гуманизм, фаъолияти сулҳофарӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дода мешавад.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки фаъолияти сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат пурра ба меъёрҳои ин ҷоиза мувофиқ буда, таҷрибаи Тоҷикистон дар барқарорсозии сулҳ имрӯз ҳамчун намунаи муваффақи байналмилалӣ эътироф шудааст.

Баромадкунандагон бо такя ба далелҳои таърихӣ ва воқеиятҳои сиёсӣ таъкид намуданд, ки ин ҷоиза эътирофи ҷаҳонии саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгирии низоъҳо, таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш як қатор баромадҳои илмӣ шунида шуданд, ки ба таҳлили эътирофи байналмилалии Пешвои миллат бахшида шуда буданд.

Аз ҷумла, профессори кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, доктори илмҳои филологӣ Шарифзода Шариф бо маърузаи илмӣ баромад намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти худро вобаста ба эътирофи байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ кард. Ба гуфтаи мавсуф, Пешвои миллат дар зарфи 33 соли роҳбарӣ ба 63 ҷоиза ва мукофоти олии давлатӣ ва байналмилалӣ мушарраф гардидаанд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як соли роҳбарӣ қариб ду ҷоиза рост меояд. Аз ин шумора 20 ҷоиза, ё худ 31,7 фоиз, ба самти илм ва рушди он рост меояд. Ин далелҳо гувоҳи онанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои муаззами миллатро на танҳо ҳамчун Сарвари давлат, балки ҳамчун олим, мутафаккир ва хирадсолор эътироф мекунад.

Мавсуф афзуд, ки мавзуоти ҷоизаҳои байналмилалии Пешвои миллат ба 12 самт, навъҳои онҳо ба 10 номгӯй тақсим мешаванд. Тибқи табақабандӣ, дар радаи аввал ҷоизаҳо дар соҳаи сулҳ ва дар ҷойи дуюм ҷоизаҳо дар соҳаи илм ва рушди он қарор доранд.

Дар идома Ш. Шарифзода пешниҳод намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии ба номи Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм таъсис дода шавад.

Дар ҷараёни ҳамоиш махсусан ба рӯйдоди муҳимми таърихии 31 марти соли 2025 таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар ин рӯз, дар фазои тантанавӣ ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шартнома дар бораи нуқтаи пайвасти сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расид.

Таъкид гардид, ки бо имзои ин санадҳо масъалаҳои сарҳадии се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуда, ин рӯйдод ба таҳкими сулҳу амният, рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори минтақаи Осиёи Марказӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидати ҷиддӣ намуд.

Дар интиҳои ҳамоиш масъалаи сулҳи тоҷикон ва модели нави сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд. Иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон, ки бар пояи муколама, таҳаммулгароӣ ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ асос ёфтааст, метавонад ҳамчун намунаи муассир барои ҳалли низоъҳо дар дигар минтақаҳои ҷаҳон хизмат намояд.

Ҳамоиш бо таъкиди зарурати омӯзиш, таблиғ ва татбиқи минбаъдаи мероси сиёсию сулҳофарии Пешвои миллат анҷом ёфт.