Имрӯз, 5 январи соли 2026 дар озмуни ҷумҳуриявии телевизионии “Маҳфили зарифон”, ки байни дастаҳои “Солимафкорон”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бозори славянӣ”-и Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид, ин ду даста бо намоиш додани номераҳои дахлдори озмун байни худ ҳунару истеъдоди хешро нишон доданд. Дар натиҷа, дастаи “Солимафкорон”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин маҳорати баланди эҷодкорӣ ва нигорандагӣ нишон доданд, ки ҳунари онҳо ба таҳкими санъати касбии тоҷик заминаи боэътимод хоҳад гузошт.
Ҳамин тариқ, бо дарназардошти маҳорати баланди касбӣ нишон додани дастаи “Солимафкорон”-и Академия ва дар маҷмуъ аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмуни мазкур сазовор гардидан ба холи бештар, ғолибиятро ба даст оварданд.
Бояд ёдовар шуд, ки озмуни мазкур бо мақсади таҳкими тарбияи маънавии ҷавонон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати зеҳнӣ, донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён, ташаккули афкори солим, тавсеа бахшидани эҳсоси худшиносӣ, рушди тарбияи фарҳангии ҷавонон, санъати ҳаҷви тоҷик, завқи зебоипарастӣ, инчунин бо мақсади рушди фарҳанги миллӣ роҳандозӣ шуда истодааст.


