Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Академия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа мудири шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Мурод, роҳбарияти Академия, аъзои Шурои олимон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, омӯзгорон ва кормандони илмӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҷаласаи ҷамъбастӣ марҳилаи муҳимми таҳлили фаъолияти солона ба ҳисоб рафта, барои муайян намудани дастовардҳо, мушкилот ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъда замина мегузорад.
Тибқи рӯзнома, ҳисоботи муфассал оид ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ шунида шуд. Дар ҷаласа зикр гардид, ки Академия дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодасозии кадрҳои идоракунӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ намудааст.
Қайд карда шуд, ки дар соли 2025 як қатор барномаҳои нави таълимӣ роҳандозӣ гардида, семинарҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои илмӣ баргузор шуданд. Ҳамзамон, фаъолияти байналмилалии Академия тақвият ёфта, ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии хориҷӣ рушд дода шуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти маъмурию хоҷагидорӣ баррасӣ гардида, масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори таълимӣ муҳокима шуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии омӯзгорон пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Бо ин мақсад, аз 1-уми сентябри соли 2026 дар баробари 20 дарсад зиёд гардидани музди маоши омӯзгорон, иловатан 20 фоизи дигар аз ҳисоби маблағҳои раёсати Академия музди меҳнати омӯзгорон баланд бардошта мешавад, қайд кард зимни баромади худ, ректори Академия Даврон Сафарзода.
Сипас, мудири шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Мурод зимни баромади худ иброз дошт, ки соли 2025 барои ҳайати кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантони Академия соли бобарор баҳисоб мерафт. Зеро дар соли қаблӣ дастовардҳо дар самти неруи илмии Академия афзуда аст. Ҳамзамон, таклифу пешниҳодҳо доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, такмили модулҳои таълимӣ ва омода намудани мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгӯй манзури ҳозирин гардонида шуд.
Иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда фикру пешниҳодҳои худро иброз намуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Академия тавсияҳои амалӣ пешниҳод карданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа қарор қабул гардид, ки фаъолияти Академияи идоракунӣ дар соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардида, вазифаҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Академия барои соли минбаъда муайян карда шаванд.
Дар қисмати хотимавии ҷаласа як қатор омӯзгорон, кормандон барои сазовор гардидан ба унвонҳои илмӣ, иштироки фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин дастаи “Солимафкорон”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар озмуни ҷумҳуриявии телевизионии “Маҳфили зарифон” маҳорати хуб нишон доданд, қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон, дар ҷаласаи ҳисоботӣ, директори Пажӯҳишгоҳи идораи давлатӣ ва хизмати давлатии Академия, д.и.т, профессор Ализода Баҳриддин бо тантана ба нафақа гусел карда шуд. Таъкид карда шуд, ки саҳми профессор Ализода Баҳриддин дар таҳким ва рушди ин муассисаи олии таълимӣ назаррас буда, дар баробари ба нафақа баромаданашон боз ҳам дар тарбияи насли ҷавони кишвар нақши барҷаста хоҳад гузошт.


