Субҳи имрӯз, 10 январи соли 2026 бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тозаву озод нигоҳ доштани пойтахти кишвар бо иштироки ҳайати омӯзгорону кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тозагӣ гузаронида шуд.
Дар ҷараёни аксияи тозагӣ омӯзгорону кормандон гирду атрофи соҳили дарёи Душанберо тозаву озода намуданд ва дар раванди корҳои тозакунии гирду атрофи соҳил шумораи зиёди борхалтаҳои партовро ҷамъоварӣ карданд. Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯву нуфузи тоза касб намуда, маркази баргузори чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва шаҳри сайёҳӣ гардидааст. Аз ин ҷост, ки бо ҳифзи тозагии пойтахт ҳар як сокини он метавонад дар ташаккули обруву нуфуз ва муаррифии байналмилалии он саҳмгузор гарданд.
Аҳли ҷомеаи меҳнатии Академияи идоракунӣ ин рисолати басо муҳимро ба инобат гирифта, минбаъд низ бо ташкили шанбегӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона дар тозагиву озодагӣ ва ободкориҳои пойтахти кишварамон ва тамоми гӯшаву канори мамлакат саҳми сазовори худро мегузоранд.


