Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ ҲУҶҶАТҲОИ БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ оид ба мавзӯи «Ташаккул, мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар асоси равиши “назарияи тағйирот”) оғоз гардид.

Машғулиятҳои омӯзишӣ дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), Маркази тадқиқоти сотсиологии "Зеркало" баргузор гардида, ҷалби омӯзгорон барои таҳияи модули таълимии курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ аз рӯи мавзӯи зикршуда равона шудааст.

Машғулиятҳо барои такмили малакаи омӯзгорон, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳияи модулҳои босифати таълимӣ барои ҷорӣ намудан дар курсҳои такмили ихтисос равона гардидааст. Зарурати такмили низоми мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун ҷузъи муҳими татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ инъикос гардидааст. Ин нукта заминаи ташаккули низоми мониторинг ва арзёбиро дар сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳал фароҳам овард.

Қайд гардид, ки баъд аз анҷоми машғулиятҳо ба иштирокдорон гувоҳнома супорида, пас аз таҳияи модулҳои таълимӣ онҳо ба гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ҷалб мешаванд.