Бо мақсади тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии тоҷикон, донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем» аксияи таблиғотӣ баргузор намуданд.
Чорабинии мазкур дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Аҳмади Дониш доир гардида, фазои зебои боғ ва шукуфоии гулҳои лола, ки ба табиати баҳории шаҳри Душанбе ҳусни хос мебахшанд, ба ин иқдоми фарҳангӣ ҷаззобияти бештар зам намуд. Иштирокчиён дар миёни гулҳои рангоранги лола бо либосҳои миллӣ ҳозир шуда, зебоӣ ва ғановати фарҳанги миллии тоҷиконро муаррифӣ карданд.
Бояд зикр намуд, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷиҳати тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва тарбияи маънавию фарҳангии ҷавонон чунин чорабиниҳои маърифатиро баргузор менамояд.


